"Нофармонӣ". Ҳукми нави хабарнигори пешини Радиои Озодӣ дар Беларус

Иҳар (Игор) Карней. Акс аз соли 2018

Мақомоти Беларус ҳукми зиндони Иҳар (Игор) Карней, хабарнигори собиқи Радиои Озодиро 8 моҳ дароз карданд.

Ин дафъа ӯ ба “нофармонӣ” дар дохили зиндон гунаҳкор шудааст.

Ҳукм рӯзи 13-уми декабр содир шуд. Тафсилоташ маълум нест.

Иҳар (Игор) Карнейи 56-соларо дар моҳи март бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи “ифротгаро” се сол аз озодӣ маҳрум карданд.

Манзури мақомот иртиботи ӯ бо Анҷумани рӯзноманигорони Беларус аст.

Ин созмон соли 2023 гурӯҳи “ифротгаро” эълон шуда, ҳоло дар хориҷ аз Беларус кор мекунад.

Ҳукумати худкомаи Александр Лукашенко пас аз интихоботи ҷанҷолии соли 2020 ба саркӯби шадиди мухолифон, фаъолон ва хабарнигорон идома медиҳад.