Ин ҳукм 25-уми августи имсол дар Ню-Йорк содир шудааст ва хулосаи он рӯзи 8-уми сентябр дастраси Радиои Озодӣ шуд.
Пойгоҳи иттилооти ҳуқуқии Law360.com аз қавли Ҷеси Фурман, додраси ин додгоҳ навишт, "Агроинвестбонк" то 17-уми август муҳлат дошт, мавқеи худро дар ин робита ба додгоҳ фиристад.
Фурман гуфтааст, "то ин сана ҷониби ҷавобгар ба даъво посух надод" ва аз ин рӯ додгоҳ ба нафъи ширкати "Супер Перфект Инвестмент ЛТД" ҳукм содир кардааст. Ин ширкат ба соҳибкори австриягӣ (Alois Schönberger) Алоис Шоенбегер тааллуқ дорад, аммо дар Ҳонконг сабтином шудааст.
Пеш аз ин Шоенбергер дар Додгоҳи ҳакамии Швейтсария ба "Агроинвестбонк" ғолиб омада буд ва он замон додгоҳ ҳукм карда буд, ки бонки тоҷикистонӣ 19 миллион доллар уҳдадорӣ ва ҷаримаҳоро ба ширкати ин соҳибкор пардохт кунад.
Чаро баҳс дар Тоҷикистон, муҳокима дар Ню-Йорк?
Додгоҳи иқтисодии Тоҷикистон ҳукми Додгоҳи ҳакамии Швейтсарияро эътироф накард. Шоенбергер ва вакилони дифояш маълум кардаанд, ки "Агроинвестбонк" дар Сити-Бонки Амрико дар Ню-Йорк суратҳисоб дорад ва аз ин рӯ ба додгоҳи Ню-Йорк муроҷиат кардаанд. Ҳамакнун додгоҳи федеролӣ дар Ню-Йорк бо такя ба ҳукми додгоҳи ҳакамии Швейтсария амр дод, ки нуктаҳои ҳалнома маҷбуран иҷро шаванд.
Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, ин ба он маъност, ки суратҳисоби "Агроинвестбонк" дар Сити-Бонки Амрико ҳабс шуда, маблағҳои он ба нафъи ширкати "Супер Перфект Инвестмент ЛТД"-и Шоенбергер ситонда мешавад.
Маълум нест дар ин суратҳисоб "Агроинвестбонк" чӣ қадар маблағ дорад. Маъмурияти бонк ба зангҳои батакрори хабарнигори Радиои Озодӣ дар ин робита посух надод.
Бар замми ин, Шоенбергер ва ширкати "Супер Перфект Инвестмент ЛТД" ба зидди ҳукумати Тоҷикистон ба додгоҳ ва ё Маркази байналмиллалӣ оид ба ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ даъво бурдааст. Чун аксар саҳмияҳои "Агроинвестбонк" ба давлат тааллуқ дорад ва пардохти уҳдадориҳои ин бонк дар хориҷ ба дӯши ҳукмат меафтад.
Дар нусхаи шикояти ин ширкат, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, суроғаи Қасри Миллат, кӯчаи Шерозӣ 11 ва Дастгоҳи иҷроияи президент, кӯчаи Рӯдакӣ 80 ҳамчун "ҷавобгар" зикр шудааст. Маркази байналмиллалӣ оид ба ҳалли баҳсҳои сармоягузорӣ, ки дар назди Бонки Ҷаҳонӣ амал мекунад, аз салоҳиятҳои васеъ бархурдор аст.
Дар сурати ба нафъи Шоенбергер содир шудани ҳукм дар ин марказ, уҳдадориву товони "Агроинвестбонк", ки мувофиқи ҳукми Додгоҳи ҳакамии Швейтсария ҳар сол 18 дарсад мефазоянд аз дороиҳои Тоҷикистон дар саросари дунё рӯёнида мешавад.
Манучеҳр Қудратов, ҳуқуқшинос ва корманди илмии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Регинсбурги Олмон, мегӯяд, нодида гирифтани чунин қазияҳои додгоҳӣ аз сӯйи Тоҷикистон ба нафъи кишвар нест: "Дар сурати пеш омадани даъво ширкатҳои Тоҷикистон бояд муқовимат нишон диҳанд, чун дар сурати пешкаш нашудани далелу ваҷҳҳо аз ҷониби ҷавобгар додгоҳ хулоса мекунад, ки ҷавобгар бо даъво розӣ аст ва ба ҷонибдории даъвогар ҳукм содир мекунад."
Қудратов афзуд, нодида гирифтани чунин баҳсҳо дар додгоҳҳои байналмилалии ҳакамӣ тасмими дуруст нест. "Дар сурате ки Тоҷикистон чунин ҳукмҳоро дидаву дониста иҷро накунад, ба обрӯи давлат ва иқлими сармоягузории кишвар латма ворид мекунад. Сармоягузорӣ ба кишвар кам мешавад, чун сармоядорон ба кишвар дигар эътимод намекунанд", -- иброз дошт ӯ.
“Таърихи баҳси соҳибкори австрягӣ ва “Агроинвестонк”
Даъвои Алоис Шонбергер, молики ширкати "Супер Перфект Инвестмент" ба як муомилаи тиҷоратӣ дар соли 2013 бармегардад. Дар даъвои додгоҳӣ, ки Радиои Озодӣ бо муҳтавояш ошно шуд, омадааст, Шоенбергер бо ширкати "Леваканд- М" дар Тоҷикистон барои харидани 20 ҳазор тонна метри кубӣ пахта шартнома бастааст ва кафили ин муомилаи тиҷоратӣ "Агроинвестбонк" интихоб шудааст.
Бар асоси созиш, дар сурати иҷро нашудани қарордод "Агроинвестбонк" бояд 11 миллион доллар ҷуброн пардозад. Дар даъво омадааст, ки соли 2013 "Супер Перфект Инвестмент" ба ширкати тоҷикӣ 5 миллиону 367 ҳазор доллар интиқол додааст, аммо "Леваканд- М" пахтаи ваъдагиро нафиристодааст.
Баъди иҷро нашудани қарордод дар муддати як сол, ширкати австриягӣ аз "Агроинвестбонк" талаб кардааст, ки 11 миллион доллар кафолати иҷрои қарордодро бипардозад, аммо бонк аз пардохтани ин пул сарпечӣ кардааст. Ин аст, ки соҳибкори австриягӣ барои ситонидани ин пул ба додгоҳи ҳакамии Швейтсария ва ҳамакнун Ню-Йорк муроҷиат карда, ғолиб омад.
Маъмурияти "Агроинвестбонк" ба дархости Радиои Озодӣ ин қазияро шарҳ надод, аммо бонк дар як номаи расмӣ ба Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (EBRD) бо имзои Муродалӣ Алимардон, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, мегӯяд, ин баҳси иқтисодии ду ширкат аст ва "Агроинвестбонк" ҳеч гоҳ худро ҷузъи баҳс намешуморад".
БАҲС АЗ ИН ҶО ШУРУЪ ШУД: Соҳибкоре аз Австрия давлати Тоҷикистонро барои пули пахта ба додгоҳ кашид
Алимардон дар ин нома аз додраси Додгоҳи ҳакамии Швейтсария гила кардааст, ки пойи бонкро ба ин баҳс кашидааст. "Агроинвестбонк ба ин назар аст, ки ҳукми додгоҳи ҳакамӣ холисона набуда, якҷониба содир шудааст", -- гуфта мешавад дар нома.
Дар ин нома “Агроинвестбонк” мегӯяд, даъвои ширкати "Супер Перфект Инвестмент" беасос аст, зеро худи ширкат ба хатову тақаллуб роҳ додааст. Ба гуфтаи бонк, ширкати австриягӣ ва "Леваканд-М" чанд дафъа қарордоди хариди пахтаро дигар кардаанд, вале бонкро дар ҷараён нагузоштаанд. Санадҳои кафолате, ки ширкати австриягӣ пешниҳод мекунад, дуруст нестанд ва дар он барқасдона ба тақаллуб роҳ дода шудааст ва эътибор надоранд.
Ба гуфтаи масъулони бонк, санадҳои расмӣ дар бораи кафолати бонкии қарордод пешниҳод шудаанд, замимаҳои зиёде доранд, ки бонк аз онҳо огаҳ карда нашудааст. Баъзе аз санадҳо дар бораи замонати иҷрои қарордод ҳам, ба гуфтаи масъулони "Агроинвестбонк", фақат тарҳ буда, муқаррароти лозимии дохили бонкиро нагузаштаанд ва тасвибшуда ба ҳисоб намераванд.
Ширкати "Леваканд М", ки дар шаҳри Бохтар сабти ном шудааст, ба Ҳасан Азизов ном шахс тааллуқ дорад. Дар маълумотномаи Кумитаи молиёт ё андоз омадааст, ширкат ба сармоягузорӣ ба хоҷагиҳои кишоварзӣ, қабул, коркард, истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ машғул аст. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, бо намояндагони ширкати “Леваканд М” суҳбат кунад.
Ҳукми додгоҳи федеролӣ дар Ню-Йорки Амрико нисбат ба “Агроинвестбонк” дар ҳолест, ки бонк аз соли 2015 боз бе ин ҳам дар ҳолати буҳронӣ қарор дорад ва наметавонад беш аз 730 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад.
Садҳо муштариёни бонк солҳо боз дар интизори гирифтани пасандозашон ҳастанд, аммо бонк ба онҳо моҳе аз 200 то 1000 сомонӣ медиҳад ва гоҳе пардохти ҳамин маблағ ҳам қатъ мешавад.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!