Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кори якҷояи хешони наздик дар бонкҳои Тоҷикистон манъ шуд


Ҷамшед Нурмуҳаммадзода
Ҷамшед Нурмуҳаммадзода

Фаъолияти якҷояи хешовандони наздикро дар бонкҳои Тоҷикистон манъ карданд. Мақомот гуфтанд, ин кор яке аз сабабҳои ба буҳрон печидани ду бонки калонтарин мебошад.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ, рӯзи 24-уми июн дар порлумон гуфт, ба хотири кам кардани хавфҳои бонкӣ фаъолияти хешовандони наздик дар бонкҳо манъ аст.

Ба гуфтаи Нурмуҳаммадзода, акнун хешовандони наздик наметавонанд дар вазифаи узви шӯрои нозирон, раис, муовинони ӯ, узви раёсат, сараудитор, сармуҳосиб ё хазинадори ташкилоти қарзӣ якҷоя кор кунанд.

Раиси Бонки Миллӣ дар порлумон гуфт, “таҷрибаи солҳои ахир нишон дод, ки яке аз сабабҳои ба мушкили молӣ дучор шудани “Агроинвестбонк”, “Тоҷиксодиротбонк”, “Фононбонк”, “Тоҷпромбонк” ва барҳам хӯрдани ташкилоти қарзӣ ин якҷоя фаъолият намудани хешовандони наздик дар сатҳи роҳбарикунанда мебошад.”

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода дар ин бора шарҳи зиёд надод ва нагуфт, ки чӣ гуна фаъолияти хешовандони наздик боиси ба буҳрон гирифтор шудани ду бонки калонтарин гардид. Қаблан мақомот Бонки миллӣ гуфта буданд, мудирияти нодуруст боис шуд, ки “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” дучори мушкил шуданд.

Ду бонки калонтарин аз соли 2016 инҷониб дар пардохти амонатҳои муштариёнашон оҷиз мондаанд.

Давлати Тоҷикистон феврали соли 2017 барои наҷоти ин ду бонк ба "Тоҷисодиротбонк" 2 миллираду 250 миллион сомонӣ ва ба "Агроинвестбонк" - 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ҷудо кард, аммо мушкили пардохтпазирии ин бонкҳо ҳал нашуд.

XS
SM
MD
LG