Субҳи шанбе, 21-уми декабр ба чанд бинои истиқоматӣ дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Русия паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишин ҳамла кард.
Мақомоти Тотористон гуфтанд, ки ҳашт паҳподи украинӣ ба хонаҳои истиқоматӣ ва як корхонаи саноатии шаҳр ҳамла кардааст. Хабар дар бораи талафоти эҳтимолӣ нашр намешавад, вале беморхонаҳо дар шароити изтирорӣ кор мекунанд, мегӯяд Радио Свобода.
Фурудгоҳҳои шаҳрҳои Қазон, Ижевск ва Саратов муваққатан аз кор мондаанд. Мактабу дигар муассисаҳои таълимӣ ва ҳам бархе марказҳои тиҷоратӣ муваққатан баста шудаанд, мардумро ташвиқ мекунанд дар паноҳгоҳҳо бошанд.
Вазорати дифои Русия гуфт, паҳподҳо чун мавҷ якбора аз чанд самти шаҳр ҳуҷум кардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳамлаи ҳавоии Русия ба Киев, зарбаи Украина ба КурскПайомадҳои ҳамлаи густурдаи Русия ба КиевПутин гуфт, дар мавриди ҷанги Украина омодаи созиш бо Трамп аст