Сафорати Бритониё: Табдили сафир тибқи ҷадвал сурат мегирад

Ҳю Филпотт

Ҳукумати Бритониё хабар дод, ки Ҳю Филпотт ба мақоми сафири нави ин кишвар дар Тоҷикистон таъин шудааст. Филпотт дар ин мақом Робин Орд Смитро иваз мекунад.

Ба назар мерасад, ки танишҳои дипломативу сиёсӣ байни Душанбеву Лондон дар ниҳоят бо табдили сафири Бритониё дар Тоҷикистон анҷом шуд.

Сомонаи расмии ҳукумати Бритониё рӯзи 28 октябр хабар дод, ки Ҳю Филпотт ба ҷои Робин Орд-Смит, ки ба як мақоми дигари дипломатӣ таъйин шудааст, сафири нави Лондон дар Тоҷикистон интихоб шудааст.

Ҳю Стенли Филпотт аз соли 1980 ба ин сӯ дар вазорати хориҷаи Бритониё кор мекунад. Ӯ таҷрибаи фаровони дипломатӣ дошта, дар сафоратҳову консулгариҳои Бритониё дар Бағдод, Мисқат, Осло, Будапешт, Киев ва Алма-Ато кор кардааст. Ду соли гузашта (2012-2013) махсус забони русиро омӯхтааст. Ӯ ҳамчунин ба забонҳои арабӣ ва маҷорӣ ҳам балад аст. Филпотт оиладор аст ва як духтар дорад.

Ҳю Филпотт баъди таъин шуданаш ба мақоми сафорат дар Душанбе гуфт: “Ман аз интисобам ба мақоми сафири аълоҳазрат маликаи Бритониё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хушнудам ва ифтихор мекунам. Ман бесаброна мунтазири пардохтан ба иҷрои ин мақом дар як марҳалаи муҳим ва ҷаззоби рушди Тоҷикистон мебошам. Ман хушнудам, ки ин имкони мусоидат ба амиқтар кардани равобити давлати Бритониё ва мардуми Тоҷикистон бароям дода мешавад.”

Ричард Вуд, муовини сафири Бритониё дар Душанбе рӯзи 29 октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки табдили сафири Лондон дар Тоҷикистон ягон амри ғайримуқаррарӣ ё ғайриинтизор нест, балки сафири кунунӣ Робин Орд-Смит, ки тақрибан 3 сол боз дар ин мақом кор мекунад, "тибқи ҷадвал аз мақом меравад."

Худи Робин Орд-Смит дар як пости кӯтоҳ дар саҳифааш дар Твиттер аз муаррифии Ҳю Филпотт ба мақоми кунунии ӯ изҳори хушнудӣ карда, навиштааст, ки Филпотт аз 15 январи соли 2015 ба иҷрои вазифаҳояш дар Душанбе шурӯъ хоҳад кард.

Орд-Смит ҳамчунин дар як баёния изҳори умед кардааст, ки “хонаводаи Филпотт ҳам аз ин таъийнот хушнуданд ва ҳангоми будубош дар ин кишвар аз зебоии Тоҷикистону меҳмоннавозии мардуми тоҷик монанди ман баҳра хоҳанд бурд.” Орд-Смит бо алоқаи хосаш ба фарҳангу тамаддуни форсиву тоҷикӣ маъруф аст ва ҳатто фарзандашро, ки моҳи июли соли ҷорӣ ба дунё омад, Манучеҳр ном кардааст.

Аммо Ҳю Филпотт дар ҳоле барои анҷоми сафорат аз номи ҳукумати Бритониё ба Душанбе меравад, ки равобити Душанбеву Лондон бахусус дар чанд моҳи охир гирифтори як силсила танишҳо шудааст.

Робин Орд-Смит

Рӯзи 10 июн, вақте сафири кунунии Бритониё дар Душанбе Робин Орд-Смит ҳамагӣ ду ҳафта баъд аз нооромиҳои Хоруғ ба маркази Бадахшон сафар кард, як гурӯҳ дар назди бинои сафорати Бритониё ҷамъ шуда, алайҳи бинои сафорат сангу шиша андохтанд.

Шоҳидон мегӯянд, аз забони ин эътирозгарон ҳарфҳое дар бораи Бадахшон шунида мешуд. Маъмурони милиса баъди ним соат ба ҷои ҳодиса расида, эътирозгаронро боздошт карданд. Мақомоти пулиси Душанбе дар рӯзи эътироз хабар дода буданд, ки дар робита ба ин қазия "беш аз 10 нафар" дастгир шудаанд, алайҳи касе дар робита ба ин эътироз дар назди сафорат парвандаи ҷиноӣ ё маъмурӣ боз нашуд.

Робин Орд-Смит, ки ба хотири омӯзиши вазъ ба Бадахшон сафар карда буд, дар шаҳри Хоруғ имкони анҷоми мулоқотҳои дарназардоштаашро надоданд. Манобеи маҳаллӣ мегӯянд, мақомот дар шаҳри Хоруғ ба далели “ноамнӣ дар марз” сафири Бритониёро аз меҳмонхонаи «Серена», воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон, кӯчонда, ба қароргоҳи раисиҷумҳур бурданд ва ба ин далел мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомиаи шаҳрвандии Бадахшон доир нашуд.

Исми сафорати Бритониё бори дигар рӯзи 16 июн, дар пайи боздошти Александр Содиқов, як пажӯҳишгари тоҷикистонӣ бо гумони “ҷосусӣ” дар маркази Хоруғ вирди забонҳо шуд. Ба гуфтаи мақомоти амниятӣ, Содиқов ин сафар ба Бадахшон ва мулоқотҳо бо фаъолони маҳаллиро дар як зиёфат дар қароргоҳи сафири Бритониё бо раҳбари илмиаш Ҷон Ҳезершоу аз донишгоҳи Экстерери Бритониё маслиҳат кардааст. Худи Ҳезершоу, ки баъди боздошти Содиқов тарки Тоҷикистон кард, ба расонаҳо гуфтааст, ки азбаски дӯсти сафир Робин Орд-Смит буд, худи сафир шахсан бо мошинаш ӯро то фурудгоҳ овард ва кумак кард, ки тарки Тоҷикистон кунад.

Александр Содиқов

Ҳарчанд ӯро рӯзи 20 июл аз боздошт раҳо карданд ва дар аввали моҳи сентябр иҷозат доданд, ки ба Канада баргардад, паҳлуҳои зиёди қазияи “ҷосусӣ”-и Содиқов номаълум боқӣ монд. Ин ҳам маълум нашуд, ки чаро дар робита ба ин қазия мақомоти мухталифи тоҷик, албатта, ғайримустақим ба сӯи сафорати Бритониё ва сафираш Орд-Смит мекарданд.

Аз ҷумла Саймӯмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон рӯзи 19 июн дар ҳамоиши “Муқовимат бар зидди терроризм, тундгароӣ ва фасод” дар Душанбе хитоб ба аҳли толор, ки дар он дар баробари намояндагони ниҳодҳои давлативу интизомии Тоҷикистон намояндагони сафоратҳову созмонҳои байналмилалӣ низ ҳузур доштанд, гуфт: "Дар атрофи Тоҷикистон вақтҳои охир бозиҳои бузурги геополитикӣ- идеологӣ рафта истодааст. Таҳти пӯшиши ташкилотҳои ғайридавлатӣ гоҳо аз шеваҳое кор гирифта мешавад, ки ба мафиати Тоҷикистон хидмат намекунанд. Дар Тоҷикистон бархе аз хадамоти махсус, ки намехоҳам мақоми расмии онҳоро инҷо эълон кунам, бо ҷинояткорон ҳамкорӣ карда, ба онҳо маблағҳои калон медиҳанд. Онҳоро махсус таҳрик медиҳанд, ки алайҳи суботи мо кор баранд, амнияти халқи моро халалдор созанд."

Саймӯмин Ятимов

Ҷаноби Ятимов аз бурдани номи ягон кишвари мушаххас ва ё хадамоти он худдорӣ варзид, вале гуфт: "Ин корҳоро кишварҳои бузург анҷом медиҳанд.” Вазири амният хитоб ба созмону хадамаҳои хориҷӣ гуфт, “шумо бояд шарм доред, ки дар Тоҷикистон, дар як кишвари хурде, ки тоза ҷанги шаҳрвандиро пушти сар кардааст, фаъолият дореду ба чунин корҳои нохуб даст мезанед. Магар ки бигӯям: Ай-яй-яй! (Шарматон бод!)"

Бритониё аз тариқи созмонҳои имдодӣ яке аз кӯмакрасонҳои муҳими Тоҷикистон ба шумор меравад. Ширкатҳои Бритониё дар Тоҷикистон дар солҳои 90 бештар дар риштаи истихроҷи тило ва фулузоти рангаи дигар фаъол буданд, вале дар солҳои охир ҳузури сармояи бритониёӣ дар иқтисоди Тоҷикистон камрангтар шудааст. Ва яке аз вазифаи истода дар пеши сафири нави Лондон Ҳю Филпотт ташвиқи бештари равобити тиҷориву иқтисодӣ байни ду кишвар хоҳад буд. Албатта, баъди рафъи ҳама танишҳое, ки дар гирди равобити Лондону Душанбе дар тобистони имсола дар пасманзари ҳаводиси Хоруғ бархост.