Истифода аз таҷҳизоти Huawei дар Тоҷикистон то куҷо амн аст? ВИДЕО

Амрико ва баъзе аз кишварҳои ғарбӣ аз таҷҳизоти мухобиротии ZTE ва Huawei-и Чин бо гумони ҷосусӣ ба нафъи Пекин даст мекашанд. Вале, ба назар мерасад, Тоҷикистон баръакс ба фанновариҳои мухобиротии ин ду ширкати азими Чин оғӯш кушодааст.​

Аз таҷҳизоти "Сименс"-и Олмон ва ё "Алкател" камӣ надорад. Нархаш ҳам ду баробар арзон аст. Аз ин рӯ, мо таҷҳизоти Huawei-ро харидем
Гулмаҳмад Қаюмов

Далели Амрико чист, далели Тоҷикистон чӣ?

Амрико ширкатҳои Huawei ва ZTE-ро ба ҳамкориҳои ғайримунсифона бо ҳукумати Чин гумонбар кард. Дар Вашингтон ин эҳтимолро соқит намекунанд, ки Пекин бо истифода аз таҷҳизоти ин ширкатҳо маълумоти тиҷоратӣ ва низомӣ ҷамъ мекунад. Қабл аз ин, Амрико ширкати Huawei-ро ба рӯйхати сиёҳи таъминкунандагони таҷҳизот барои сохторҳои давлатӣ ворид кард. Яъне, ширкатҳои давлатии Амрико ҳақ надоранд, аз таҷҳизоти Huawei харидорӣ ва истифода кунанд.

Аммо, баръакси ин, Тоҷикистон ба фанновариҳои ин ширкати азими Чин оғӯш боз кардааст ва бинобар арзёбии муттахассисони арсаи мухобирот, то 90 дар сади таҷҳизоти ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон сохти Huawei-и Чин аст. Далелаш, ба гуфтаи муттахассисон, содда аст: таҷҳизоти сохти Huawei ва ZTE-и Чин назар ба ширкатҳои дигар ба маротиб арзонтар аст.

"Аз таҷҳизоти "Сименс" ва "Алкател" камӣ надорад"

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Рақобати телефонҳои чинӣ бо “Айфон”-у “Самсунг” дар Тоҷикистон. ВИДЕО

Гулмаҳмад Қаюмов, мутахассиси ботаҷриба, ки собиқаи роҳбарӣ дар "Тоҷиктелеком", "Мегафон" ва "Телеком технолоҷӣ"-ро дорад, гуфт, беш аз 90 дар сади таҷҳизоти кулли системаи алоқаи Тоҷикистон истеҳсоли ширкати Huawei аст. “Наметавонам гӯям, ки мақомоти Амрико дар мавриди таҷҳизоти Huawei дурӯғ мегӯянд. Аммо аз таҷрибаи кор дар “Тоҷиктелеком” мегӯям, ки вақте мо барои хариди таҷҳизот тендер (музояда) эълон кардем, мутахассисони мо санҷиданд, таҷҳизоти Huawei ба ҳама талаботи техникӣ ҷавобгӯ аст. Аз таҷҳизоти "Сименс"-и Олмон ва ё "Алкател" камӣ надорад. Нархаш ҳам ду баробар - арзонтар. Аз ин рӯ, мо ин таҷҳизотро харидем ва дигар ширкатҳо ҳам ба ҳамин сабаб аз Huawei мехаранд", - шарҳ дод ӯ.

Қаюмов афзуд, таҷҳизоти Huawei сертификати сифат ва бехатарии ташкилоти байналмилалии алоқаи GSM-ро дорад ва натанҳо дар Тоҷикистон, балки аксар таҷҳизоти мухобиротиро дар кишварҳои дигар таъмин мекунад.

"Лекин ҳама таҷҳизоти рақамӣ роҳи баргаште дорад. Фарз кардем, ҳакерҳо агар хоҳанд, метавонанд ба компютере, ки кор мекунед, ворид шаванд ва Шумо чизеро пай набаред”, - иброз дошт Қаюмов.

  • Хадамоти кашфи Амрико аз соли 2012 инҷониб аз имконоти ҷосусии Huawei ва ZTE ба нафъи давлати Чин бонги изтироб мезанад. Як иддаои мақомот ин аст, ки поягузори Huawei - Рэн Женгфей афсари мустаъфии артиши Чин аст ва тавассути фанновариҳои худ низ метавонад ба нафъи давлати Чин ҷосусӣ кунад. Ба ин манзур Амрико аз коршариконаш дар Аврупо ва Ҷопон хост, аз хариди таҷҳизоти ширкати Huawei худдорӣ варзанд. То кунун Австралия ва Зеландияи нав ба ин тавсияи Амрико ҳамроҳ шуда, хариди фанновариҳои мухобиротии Huawei – барои ширкатҳои мобилии худ - чӣ хусусӣ ва чӣ давлатӣ манъ карданд.

Дурбинҳои назоратии "Ҳуавей" дар роҳҳои Душанбе

Аммо дари бозори мухобироти Тоҷикистон ба пуррагӣ ба рӯи таҷҳизоти Huawei боз аст. Ин ширкат натанҳо таъминкунандаи аслии ширкатҳои мухобиротии Тоҷикистон аст, балки иҷрогари асосии тарҳи пуровозаи “Шаҳри бехатар” дар Душанбе аст. Пекин барои иҷрои ин тарҳ ба Душанбе 22 миллион доллар қарз дод.

Инак, 6 сол боз дурбинҳои назоратии Huawei гаштугузори одамон ва мошинҳоро дар Душанбе назорат мекунанд. Бар илова, аз соли 2018 Huawei кормандони вазорату идораҳои давлати Тоҷикистонро дар доираи як барномааш бо омӯзиши вежа фаро мегирад.

Мақомот дар Тоҷикистон ба бехатар будани таҷҳизоти Huawei шубҳае надоранд. Дар раёсати танзими Хадамоти алоқаи Тоҷикистон рӯзи 3-юми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳар таҷҳизоте, ки барои ниёзи соҳаи алоқа ба кишвар ворид мешавад, “аз санҷиши се ниҳод – Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Додситонии кул ва Хадамоти гумрук мегузарад ва баъдан ба кишвар роҳ меёбад”.

"Таҷҳизотро се ниҳод тафтиш мекунанд"

Ширкати Huawei аз соли 2002 вориди бозори мухобироти Тоҷикистон шудааст. Соли гузашта фурӯшгоҳи расмии телефонҳои ҳушманди худро дар Душанбе боз кард ва дар муддати кӯтоҳе пурхаридор шуд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Душанбе дар зери нигоҳи дурбинҳои чинӣ хоҳад буд

Шаҳбоз Қаландаров, дилери расмии таҷҳизоти Huawei дар Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳама телефонҳои Huawei бехатар ҳастанд ва сертификати сифатро доранд. Ӯ гуфт, “ин ки гуфтугӯи шуморо гӯш мекунанд ё не, аз телефон чандон вобаста нест. Бештар ба сим-корт ва мақомот рабт мегирад. Аммо бо боварӣ гуфта метавонем, ки сурату видео ва ё ягон маълумоти телефони шуморо касе бе иҷозаи шумо гирифта наметавонад. Ҳамааш ҳифз шуда аст”, - гуфт Қаландаров.

Ҷои "Ҳуавей" баъди "Самсунг"

Huawei яке аз ширкатҳои бузургтарини ҷаҳон дар соҳаи мухобирот аст, ки соли 1987 ташкил шуда, ҳоло пас аз ширкати шведии Ericsson, дувумин истеҳсолгари таҷҳизоти мухобиротӣ, аз қабили телефону модемҳои бесим ва қисмҳои эҳтиётии онҳо аст.

Ин ширкат соли 1997 ба хориҷ аз Чин қадам гузошта, ҳоло дар 175 кишвар фаъолияташро ба роҳ мондааст ва ҳудуди 140 ҳазор корманд дорад. Фурӯши телефонҳои ин ширкат имсол аз марзи 200 миллион адад бештар шуда, аз Iphone пеш гузашт ва пас аз Sumsung дар ҷои дувум дар ҷаҳон қарор гирифт.