Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе дар зери нигоҳи дурбинҳои чинӣ хоҳад буд


Ширкати «Ҳуавей»-и Чин барои таъмини амнияту тартибот дар тамоми роҳу хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо харҷи 22 миллион $ дастгоҳҳои наворбардорӣ насб мекунад.

Ин лоиҳа «Шаҳри бехатар» ном дошта, рӯзи 21-уми декабр дар мулоқоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва ноиби президенти ширкати «Ҳуавей»- и Чин, Ами Лин баррасӣ шудааст.

Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар доираи ин лоиҳа дар ҳамаи чорроҳаҳо ва кӯчаю хиёбонҳои шаҳри Душанбе камераҳои наворбардорӣ ва аксгирӣ гузошта мешаванд, то ки бехатарии ҳаракат дар роҳҳо ба таври автоматӣ аз тариқи дастгоҳҳои электронӣ назорат карда шавад. Дар мавриди самаранокии ин тарҳ дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон меафзояд, ки «тавассути камера ва таҷҳизоти аксбардорӣ натанҳо ҳаракат дар роҳҳо, балки риояи тартиботи ҷамъиятӣ назорат карда мешавад. Бо татбиқи босамари ин лоиҳа, ҳамчунин мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла коррупсия, саҳл гардида, як қадами муҳим дар роҳи гузаштан ба ҳукумати электронӣ гузошта мешавад.»

Ба иттилои манбаъ ин лоиҳа бо харҷи 22 миллион доллари амрикоӣ, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, дар зарфи 7 моҳ амалӣ гардида, 5 сол муҳлати кафолат дорад. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хароҷоти лоиҳа дар зарфи 6 сол баргардонда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба мутахассисони чинӣ супориш додааст, ки лоиҳа бо сифати баланд ва бо истифода аз навтарин технологияи соҳа амалӣ карда шавад. Ҳамчунин ӯ таъкид намудааст, ки дар сурати босифат ва самарабахш амалӣ шудани лоиҳа ин кор дар шаҳру ноҳияҳои дигар низ ҷорӣ мегардад.
XS
SM
MD
LG