HRW низ Исроилро ба наслкушӣ айбдор кард

Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза ҳазорон тифл куштаву захмӣ шудааст.

Созмони Дидбони ҳуқуқи башар-Human Rights Watch (HRW) гуфт, Исроил бо маҳрум кардани сокинони Ғазза аз об даст ба амали наслкушӣ задааст.

Исроил иттиҳоми наслкушӣ дар Ғаззаро рад мекунад.

Human Rights Watch рӯзи 19-уми декабр гуфт, ки Исроил бо пешгирии фаластиниҳои Ғазза аз дастрасӣ ба оби поки ошомиданӣ боиси марги ҳазорҳо нафар шудааст ва ин амалаш аз ҷиҳати ҳуқуқӣ баробар бо наслкушӣ ва куштор мебошад.

Дар гузорише, ки дар сомонаи ин созмон нашр шуд, рафторҳои Исроил хилофи арзишҳои инсонӣ ва қонунҳои байналмилалӣ номида шудааст.

“Ин сиёсат, ба унвони бахше аз куштори ҷамъии фаластиниёни мулкӣ дар Ғазза амалӣ мешавад, маънои онро дорад, ки мақомоти Исроил даст ба куштор алайҳи инсоният задаанд, ки ҳамчунон идома дорад. Ин сиёсат инчунин бар асоси Эъломияи наслкушии соли 1948 чун “амали наслкушӣ” арзёбӣ мешавад”, гуфтааст созмони ҳомии ҳуқуқи инсон.

Исроил батакрор иттиҳоми наслкуширо рад карда гуфтааст, ки қонунҳои байналмилалиро эҳтиром қоил аст ва ҳақ дорад, баъди ҳамлаи 7-уми октябри соли 2023-и Ҳамос ба қаламраваш аз худ дифоъ кунад. Вазорати корҳои хориқии Исроил дар саҳифааш дар Х навишт: “Ҳақиқат комилан хилофи дурӯғҳои HRW аст”.

HRW баъди созмони дигари ҳомии ҳуқуқи инсон Афви байнулмилал дуюмин ташкилоти бонуфуз аст, ки дар давоми як моҳи ахир амалҳои Исроилро дар Ғазза наслкушӣ номидааст.