Хонаи Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурӣ, раиси пешини Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб ба осоишгоҳ табдил ёфтааст. Ин бино баъд аз боздошту зиндонӣ шудани Мирзоев дар соли 2006, ба ихтиёри Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб гузашта буд ва раҳбарияташ дар аввал қасд доштанд, ки онро ба китобхонаи электронӣ табдил диҳанд.
"Аммо баъд аз сохтмони бинои нӯҳошёна дар маҳалли Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ин нақша ҳазф шуд ва меъморон гуфтанд, ки бино бештар ба осоишгоҳ мувофиқ аст," --гуфт Шарофат Худойдодова, муовини раҳбари Донишгоҳи давлатии Кӯлоб.
Ӯ, ки 14 август бо Озодӣ сӯҳбат мекард, гуфт, корҳои сохтмонӣ дар хонаи собиқи Ғаффор Мирзоев ва ҳоло бинои нави осоишгоҳ тақрибан ба поён расида ва эҳтимол дар ҷараёни сафари раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба Кӯлоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Интизор меравад, ки оқои Раҳмон то 1 сентябри соли ҷорӣ ба Кӯлоб рафта, дар ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб иштирок кунад ва ҳам дарси сулҳи имсоларо бо донишҷӯёни минтақа гузаронад.
Шарофат Худойдодова мегӯяд, дар осоишгоҳи нав шароити истироҳт ва, инчунин, табобат ба роҳ монда шудааст, ки на танҳо донишҷӯёну устодони Донишгоҳи Кӯлоб, балки афроди дигар низ метавонанд аз он истифода кунанд. "Ҳоло барои кор дар ин осоишгоҳ табибони беҳтарин ҷалб шудаанд, ки табобат тариқи сӯзанзанӣ ва дигар навъҳои доруву дармонро ба роҳ хоҳанд монд," -- афзуд ӯ. Ба қавли мусоҳиби мо, баъд аз фаъол шудани осоишгоҳ ҳар омӯзгорон ҳақ доранд, бепул 12 рӯз дар он ҷо истироҳат кунанд. Барои донишҷӯёни ДДК хадамот бо нархи нисбатан арзонтар пешниҳод мешудааст.
Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи пешини Горди раёсати ҷумҳурӣ, собиқ раиси Оҷонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва собиқ президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон соли 2005 боздошт ва баъд аз як солаш аз сӯи Додгоҳи олӣ ба ҳабси абад маҳкум шуд. Генерали собиқ Мирзоев бо иттиҳоми қасди ташкили табаддулоти давлатӣ, хариди ғайримуҷози силоҳ, нигаҳдории он, суистифода аз мақоми хидматӣ ва дигар ҷурмҳои вазнин гунаҳкор дониста шудааст.
Ба ҷуз аз Ғаффор Мирзоев, аз ин хонаводаи як замон пурнуфузи Кӯлоб боз 3 тани дигар дар маҳбас ба сар мебаранд. Бародари ӯ - Абдурасул Мирзоев ва писару домоди хоҳараш Оиша Мирзоева низ ба дунболи боздошти Ғаффор Мирзоев боздошт ва ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ маҳкум ба зиндон шудаанд.
Баъд аз ин ҳукм бахши аъзаме аз моликияти Ғаффор Мирзоев мусодира гашта, иморатҳои сохтаи ӯ ба ихтиёри донишгоҳу китобхона ва муассисаҳои дигар супурда шуданд. Ҳашт қонуни афв, ки дар ин муддат ба тасвиб расид, ба ҳукми ин генерали собиқ, ки барои ба қудрат расидани ҳукумати феълӣ саҳм гирифтааст, таъсир нагузоштааст.