Дар шаҳри Душанбе авҷи хариду фурӯши хонаҳо, ки то як соли пеш ба назар мерасид, ҳоло мушоҳида намешавад. Даврон Шоев, яке аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯяд, касодии бозори фурӯши хона нархҳоро поин бурдааст. Зарурати зист маҷбур кардааст, ки вай дуҳуҷраии худро ба фурӯш гузорад. Ба гуфтаи вай, якуним соли пеш дуҳуҷраиаш 50 ҳазор доллар арзиш дошт, вале акнун вай умедвор аст, ки бо нархи 35 ҳазор доллар харидоре пайдо кунад.
Вай мегӯяд, «ҳамин нархе, ки ҳоло мегӯянд, агар ду-се соли пеш мебуд, ба ин нархҳо намедодам. Ҳар касе, ки аз 35 ҳазор боло нарх кунад, хонаро медиҳам. Агар як соли пеш мефрӯхтам, аз 50 кам намерафт. Агар ҳамин кризис бимирад, чизи 10-ҳазора боз ба 20 ҳазор мехезад.»
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Аммо Даврон Шоев бовар надорад, ки бо 35 ҳазор харидоре пайдо мекунад. Вай мегӯяд, як моҳи пеш танҳо як харидор ба қавле «бо дили гарм» бо вай дар бораи хариду фурӯши хона сӯҳбат кардааст ва гуфтааст, ки болотар аз 30 ҳазор доллар намедиҳад.
Ширкатҳои сохтмонӣ низ дар фурӯши хонаҳои худ мисли як-ду соли пеш муваффақ нестанд. Ду-се соли пеш сармоягузорон сохтмонро бахши муҳим ва судманди гузоштани сармоя медонистанд, чун харидори манзил зиёд буд ва нархи хонаҳо тадриҷан боло мерафт.
Парвина Саидалиева, корманди бахши фурӯши ширкати сохтмонии Вӣ-Ай-Пӣ (VIP) мегӯяд, якуним-ду соли пеш як метри мураббаи манзилҳои ширкати онҳо аз 1300 то 1400 доллар ба фурӯш мерафт. Вале акнун ин нарх то ба 700-800 доллар поин омадааст: «Ошёнаҳои поён то шашум 900 доллар, аз ҳафтум то даҳум 700 доллар. Аз ошёнаи ёздаҳ боло 700 доллар аст. Ҳар кадоми ин боз 50 долларӣ скидка (тахфиф) дорад. Агар пули нақд бисёртар диҳед ё ҳамаи пули хонаро диҳед, боз бисёртар -100 доллар арзон мекунем. Масалан, 900 не, 800 ҳисоб мекунем».
Вӣ-Ай-Пӣ асосан дар маркази шаҳр манзили зист бунёд мекунад ва ин нархҳо барои манзилҳоест, ки дар маркази шаҳр бунёд шудаанд ва ба қавле мардум онҳоро хонаҳои «элитный» ё «нухбаӣ» ном мебаранд.
Дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳр, аз ҷумла дар гӯшаҳои пойтахт низ манзилҳои зист сохта шудаанд, вале нархи онҳо аз маркази шаҳр фарқ дорад. Қудратулло Файзуллоев, сардори Сарраёсати меъморӣ ва
шаҳрсозии Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, раванди поин рафтани нархи манзилҳо дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои аввали соли 2015 оғоз ёфта буд ва ин раванд то ҳол идома дорад. Бӯҳрони кунунӣ ширкатҳои сохтмонӣ ва сармоягузоронро водор кардааст, ки онҳо нархи ҳар метри мураббаи манзилҳои сохтаи худро арзонтар ба харидорон пешниҳод кунанд.
Ба гуфтаи Қудратулло Файзуллоев, «аз нимаи дуввуми соли гузашта ба ин сӯ нархи хонаҳои зист дар шаҳри Душанбе тамоюли поинравиро дорад. Масалан, дар қисмати марказии пойтахт дар соли 2014 як метри мураббаъ 1200-1400 доллар арзиш дошт. Вале ин нарх акнун то 800-900 доллар поин рафтааст. Дар канори шаҳр нархҳо нисбат ба марказ боз ҳам поинтар мебошанд ва то ба 630 доллар фаромадаанд».
Бо вуҷуди ин, ширкатҳои сохтмонӣ корро идома медиҳанд, вале эҳсос мешавад, ки суръати кор мисли солҳои 2013 ва 2014 нест. Ду-се соли пеш аз хориҷ, ба вижа аз муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон маблағҳои бештар ворид мешуд ва қобилияти харидории мардум боло рафта буд. Вале акнун бо арзон кардани нархи манзил, сармоягузорон мехоҳанд ҳадди ақал бо фоидаи камтар пули сарфкардаи худро зудтар баргардонанд.
Константин Бондаренко, раиси Маркази бозори озоди Тоҷикистон касодии бозори фурӯши манзилро аслан ба коҳиши интиқоли пули муҳоҷирони корӣ иртибот медиҳад. Ба андешаи ин коршиноси тоҷик , «ворид шудани маблағҳои бештар аз муҳоҷирон ба ин маъно нест, ки худи онҳо хона харидорӣ мекарданд, шояд баъзеи онҳо низ хона мехариданд, вале пули фиристодаи муҳоҷиронро аъзои хонаводаи онҳо дар бозорҳо барои хариди молҳои мавриди ниёзи худ сарф мекарданд ва ба ин тартиб бозори соҳибкорон ё тоҷирони хурду миёна гарм буд. Тоҷирон пулҳои ҷамъовардаи худро нигоҳ намедоштанд. Бо ин пулҳо хона мехариданд ва онҳо харидори аслии дороии ғайриманқул мебошанд».
Қудратулло Файзуллоев мегӯяд, сохтмони бисёре аз манзилҳои зист дар солҳои 2013-2014 дар аёми авҷи болоравии нархи хонаҳо шурӯъ шуда буд. Сармоягузорон як қисми ин хонаҳоро бо нархи хуб фурӯхтанд. Вале қисми дигар ҳанӯз боқӣ мондааст. Бо оғози бӯҳрон, суръати корҳои сохтмонӣ низ кунд шудааст, бо вуҷуди ин сохтмони баъзе аз онҳо то ҳол идома дорад.
Меъроҷиддин, муовини раиси ширкати «Элитстрой», ки аз бурдани номи хонаводагиаш худдорӣ кард, изҳор дошт, ки сохтмон идома дорад, вале аз оҳанги сӯҳбаташ маълум буд, ки бӯҳрон ба онҳо низ таъсир кардааст, вале онҳо аз вазъи пешомада дар бозори фурӯши манзил дилсард нестанд.
Тоҷикистон аз лиҳози афзоиши аҳолӣ дар ҷаҳон дар яке аз зинаҳои аввал қарор дорад ва аҳолӣ ба манзили зист ниёз хоҳад дошт. Гузашта аз ин бӯҳрон марҳилаи муваққатист ва бо гузашти вақт паси сар мешавад.
Вале оқои Файзуллоев мегӯяд, мушкил дар ҷои дигар аст. Афзоиши сохтмони манзил бояд бо зарфияти шабакаҳои муҳандисии шаҳр мутобиқ бошад. Ҳоло шаҳри Душанбе бештар аз 800 ҳазор нафар аҳолӣ дорад ва ҳамаи шабакаҳои хизматрасонии шаҳр, аз ҷумла шабакаҳои обу корез ва барқрасонӣ ба ҳамин миқдор аҳолӣ пешбинӣ шудаанд. Дар сурати идомаи сохтмони манзил дар дохили шаҳр, мумкин аст баъзе душвориҳо пеш ояд.
Ба гуфтаи ин масъули шаҳрдорӣ, ба ҳамин далел, моҳи октябри соли 2015 шаҳрдории пойтахт қарореро ба тасвиб расонд, ки муваққатан барои сохтмони манзил дар Душанбе ба ширкатҳои сохтмонӣ қитъаи замин дода нашавад. Ин тасмими шаҳрдорӣ ба бӯҳрони фурӯши хонаҳо иртибот надорад. Сохтмони манзил дар ҳолате идома меёбад, ки шаҳрдорӣ ва сохторҳои марбутаи он барномаи тавсеаи шабакаҳои муҳандисиро бо назардошти шумораи аҳолии зиёд таҳия ва пешниҳод кунанд.