Дар пайи гармии ҳаво ду кӯдак ҳалок ва 30 тан бистарӣ шуданд

Ба дунболи ҳушдори Вазорати тандурустӣ аз шиддати гармо дар охири моҳи июн, пизишкони ноҳияи Бохтар аз афзоиши бемориҳо дар байни кӯдакони ва маргу мири баъзеи онҳо хабар доданд.

Ду кӯдаки ширхора дар ҷамоати деҳоти "Меҳнатобод"-и ноҳияи Бохтар, ки аз гармии зиёд бемор буданд, дар бемористони ин минтақа вафот карданд. Хуруҷи бемориҳо дар байни кӯдакон дар ҳолест, ки Вазорати тундурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон аз волидони онҳо қотеъона хоста буд, бачаҳоро дар хона нигаҳ доранд ва бештар об диҳанд. Ҳарорати ҳаво дар ин минтақаи Тоҷикистон то 42 дараҷа ва дар минтақаи гармтарини он Айваҷ беш аз 52 дараҷа мерасад.

Инчунин, дар пайи гармои ду рӯзи ахир дар ҷануби Тоҷикистон беш аз 30 кӯдак дар бемористони марказии вилояти Хатлон бистарӣ шуда ва даҳҳо тани дигар ба пизишкон муроҷиат кардаанд.

Ҳакимшо Зубайдов, мудири шӯъбаи бемориҳои сироятии бемористони ба номи Бӯри Воҳидови вилояти Хатлон рӯзи 29 июн бо тасдиқи ин хабар ба Озодӣ гуфт, ки "ҳоло 30 кӯдаке, ки дар натиҷаи гармоӣ ҳаво бемор шуда ва ба бемористон мунтақил ёфтаанд, таҳти назорати пизишкон қарор доранд."

Ҳакимшоҳ Зубайдов

Ҳамзамон ба гуфтаи ҷаноби Зубайдов, дар ду рӯзи ахир дамои ҳаво аксари сокинонро нафасгир кардааст ва танҳо рӯзона то 50 нафар ба беморхонаи марказии вилоят муроҷиат мекунанд. Ин масъули бемористони марказии вилояти Хатлон мегӯянд, ки маризон аз бемориҳои назири тангии нафас, қалбу фишори баланд, шикоят доранд.

Аммо афзоиши беморӣ миёни кӯдакон бештар мояи нигаронист, зеро ба таъкиди пизишкони бемористони марказии вилояти Хатлон, аз гармои чанд рӯзи ахир бештар ин қишри ҷомеа осеб дидаанд. Аксари онҳо ба камбуди об дар бадан, таби баланд, дарунравӣ гирифтор шудаанд.

Акбарҷон Раҳимови 1-солаю шаш моҳа, дар шӯъбаи бемориҳои сироятии беморхонаи ба номи Бӯри Воҳидов бистарӣ шудааст ва табибон мегӯянд, ки бинобар дарунравии шадид, ҷисми ӯ беоб мондааст. Ҳадиса Раҳимова, модари 25-солаи Акбарҷон аз деҳаи “Сабзавот”-и ноҳияи Вахш мегӯяд, ки як дасташ дар кори замин ва дасти дигараш бо писараш буд, ки кӯдак дар гармои ҳаво тоб наоварда, бемор шуд.

"Кӯдаки ман аввал дилбеҳузурӣ дошт, баъд ҳарорати баданаш баланд шуд. Баъдан ба бемористон омадам, ки гуфтанд аз ҳавои гарм касал шудааст. Ҳоло дар назорати табибон ҳастем"- гуфт Ҳадиса Раҳимова.

Анора, зани 27-солае аз ноҳияи Бохтар ва Гулизор як модари чилсола аз ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ бо айни чунин аломатҳо бо бачаҳои худ дар бемористон афтодаанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Афзоиши беморӣ дар дамои тобистон

Гармои ҳаво, ки аз омад-омади он чанд рӯзи пеш тариқи радио ва телевизион ба мардум ҳушдор дода мешуд, бештарин зарбаро ба ҷамъияти ҷануби Тоҷикистон мезанад, ки дар муқоиса ба манотиқи дигар чандин маротиб гармтар аст.

Пизишкон мегӯянд, дар сурати идомаи ин вазъ, паёмади он на танҳо ба афзоиши бемориҳо миёни кӯдакон, балки дар умум ба саломатии мардуми вилояти Хатлон асар хоҳад кард. Аксари бузургсолон дар ин вилоят рӯзадор ҳастанд ва то 17 соат бе обу нон ба сар мебаранд.

Нурулло Бояков, сардори идораи назоратии давлатии санитарию эпидимологии вилояти Хатлон мегӯяд, агар гармии ҳаво ҳамингуна идома кунад, эҳтимоли афзоиши бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемориҳои шадиди рӯда, домана ва ғайра бештар мегардад, "Албатта пеш аз ҳама кӯдакон, ки ширхор ҳастанд, бештар ба бемориҳои шадиди рӯда гирифтор мешавад. Аммо паёмади он барои дигар одамон низ таъсир хоҳад кард ва дар баробари бемориҳои сироятӣ, ҳамчунин фишорбаландӣ низ зиёд мешавад"- мегӯяд Нурулло Бояков.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ҷаноби Бояков дар соли ҷорӣ танҳо 2 маврид ва соли гузашта 5 ҳолати гирифтор шудани сокинон ба домана ошкор шудааст. Ин беморӣ дар гузаштаи начандон дур, ҳазорҳо нафарро дар манотиқи ҷануби Тоҷикистон аз байн бурдааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба вазъи феълии ҳаво, Шеравган Иброҳимов, муовини сардори раёсати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии вилояти Хатлон гуфт, ки дар миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ аз сӯи пизишкон ҷараён дорад.

Ба гуфтаи ҷаноби Иброҳимов, пизишкон ба сокинон ҳушдор медиҳанд, то дар ин ҳаво гарм аз эҳтиёт кор бигиранд ва беҳудаву баҳуда ба кӯчаҳо набароянд ва кӯдаконашонро низ зери назорат дошта бошанд. Ба хусус пизишкон ба сокинон маслиҳат медиҳанд, ки аз соати 11 рӯз то 17-и аср ба кӯча набароянд ва бештат дар соя ва хонаҳои салқин бошанд, то худу кӯдаконашон бемор нашаванд.

Бо назардошти гармии шадид, Кумитаи ҳолатҳои истирорӣ дар вилояти Хатлон низ дар ҳоли омодабош қарор дорад, зеро мардум, махсусан кӯдакон аз гармо ба канори рудхонаҳо паноҳ бурдаанд ва ғарқшавии нафаре аз эҳтимол дур нест. Ба иттилои масъулони Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, дар чанд рӯзи ахир 5 мавриди ғарқшавии кӯдакон сабт ва ҷасади онҳо пас аз соатҳо пайдо шудаанд.