Писари ноболиғи раиси ширкати роҳи оҳан боис шуд, ки Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, яке аз наздикони президент Эмомалӣ Раҳмон дигарбора дар сархатти ахбори расонаҳо қарор гирад.
Барои Расули 16-сола, ки исмаш дар робита ба садамаи маргбори шаби нӯҳуми октябр дар забон уфтодааст, падари мансабдори ӯ мавриди бозпурсии мақомот қарор гирифт ва дигарбора борони танқидҳо ба сараш рехт. Ин дуввумин писари Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ аст, ки исмаш расонаӣ мешавад.
Ҳарчанд мансабдорону афроди воломақоми Тоҷикистон моил нестанд, мисли дороиҳояшон ҳар иттилое дар бораи оилаи онҳо ифшо ва расонаӣ шавад, аммо рафтору кирдори фарзандонашон сабаб мегардад, то ҷузъиёти гуногуни марбут ба ҳаёти хусусии онҳо сари забонҳо шавад.
Мисли қазияи пурсарусадои Расули Амонуллоҳ ва бародар ӯ Рустам Ҳукумов, ки 2 сол қабл баъди ду соли зиндон додгоҳи Русия ҳукми ӯро бекор кард, дар соли 2011 парвандаи зидди Фарҳод Абдуллоев, писари раиси додгоҳи олии Тоҷикистон Нусратулло Абдуллоев ин оиларо дар маркази диққат гузошт. Фарҳод ба он айбдор мешуд, ки бо нақзи қоидаи ҳаракати роҳ сабабгори садама шудааст. Ҳамчунин қазияи писари дабири собиқи Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов бо айни иттиҳом рӯ зада буд.
Ва ҳамин тавр, чанде пеш исми писари сафири Тоҷикистон дар Беларус Қозидавлат Қоимдодов -- Қоимдод Қоимдодов ҳам вирди забонҳо шуд. Ӯ ҳамроҳ бо ҳамсараш дар фурудгоҳи Душанбе, дар қочоқи маводи мухаддир гумонбар ва боздошт шуд. Ҳарчанд баъди чанд рӯз озод шуд, аммо сару садоҳо атрофи хонаводаи Қоимдодов то ҳол аз сари забонҳо дурр нашудааст ва ҳамсари ӯ – Муштарӣ Муборакшоева - то ҳол дар боздошт қарор дорад.
Ба ин тартиб, метавон аз қазияву парвандаҳои маъруфи зиёд ном бурд, ки ба фарзандони афроди соҳибмақоми Тоҷикистон рабт мегиранд. Фарзандоне, ки дар хонаводаҳои серу пур, бо беҳтарин шароити зиндагӣ ва омӯзишу парвариш ба воя мерасанд, вале дар ниҳоят пой ба роҳи каҷ мегузоранд. Онҳое, ки бо чунин оилаҳо рафтуомад доранд, мегӯянд, на ҳамаи ин фарзандон бомаърифату соҳибистеъдоданд. Баръакс, бо вуҷуди ин ҳама шароит, онҳо ғолибан хислатҳои ногувор пайдо мекунанд ва дарди сари падарони мансабдори худ мешаванд.
Орзу Исоев, хабарнигори тоҷик мегӯяд, фарзандони афроди сарватманду мансабдори тоҷик соҳиби ҳама чизанд, аммо муҳимтарин чизро надоранд, ки ин таваҷҷуҳи падару модар аст. Ба қавли Орзу Исоев, падарони соҳибмақоми онҳо фикр мекунанд, бо пул ва кирояи беҳтарин омӯзгору донишгоҳ метавонанд ба фарзандон таълиму тарбияи хуб диҳанд, аммо иштибоҳ мекунанд. Вай меафзояд, мансабдорон рӯзона аз пайи зиёд кардани сарвати худанд ва шабона ҳам берун аз хона дар тарабхонву клубҳо ин хастагии рӯзро «мебароранд».
«Ман мутмаинам, ки аксарияти онҳо ягон бор дафтару рӯзномаҳои фарзандони худро назорат намекунанд. Онҳо аз тарбияи фарзандони худ фориғ мондаанд. Он шиорҳое, ки ғолибан аз минбарҳо барои ватану ояндаи кишвар аз забони онҳо садо медиҳад, ҳама протоколист, дар зиндагии воқеии онҳо дида мешавад, ки гуфтаашон ба рафторашон мувофиқат намекунанд. Масалан, агар фарзанди Ҳукумовро бигирем, чӣ тавр як кӯдаки ноболиғ метавонад, дар соати дуи шаб дар сари чанбари мошин нишаста,бо суръати баланд ҳаракат кунад?» - мепурсад ин хабарнигори тоҷик.
Аз сӯйи дигар, ба андешаи ин мусоҳиби мо, мансабдорони тоҷик аксарият соҳиби ду ва ё се зананд ва наметавонанд дар тарбияи дурусти ҳамаи фарзандони худ ширкат кунанд. Онҳо ҳатто аз зиндагиву дунёи фарзандонашон чандон огоҳ нестанд, меафзояд Орзу Исоев.
Шаҳбоз, ҷавоне, ки дар яке аз донишгоҳҳои Русия таҳсил кардааст ва бо фарзандони чандин мансабдори тоҷик, ки низ дар ин кишвар мехонданд, ошно будааст, мегӯяд, зиндагии бойбачаҳо аз зиндагии ҷавонони оддӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Онҳо дар мошинҳои оддӣ намегарданд ва ба мисли даҳҳо ҳамсоли дигарашон вақти худро ба хариди сару либоси арзон сарф намекунанд. Мавзӯъи баҳсу сӯҳбатии ин ҷавонон ҳам комилан дигар аст. Шаҳбоз мегӯяд, ғолибан фарзандони мансабдорони сарватманд дар маҳофили худ роҷеъ ба кадом як мошини навбаромаду гаронарзиш ва ё коняки қимматбаҳову чандсадсола сӯҳбат мекунанд. Орзуву нақшаи аксари ин ҷавонон ҳам нишастан дар сари чанбари мошини қимматбаҳост, на илмомӯзиву истифода аз имкониятҳои хубе, ки доранд.
Аммо ба қавли Шаҳбоз, ҳамин дороиву саривақт иҷрошудани ҳар хоҳиши ин ҷавонон аз сӯйи падарони мансабдор, зиндагии онҳоро беранг ва беҳадаф кардааст: «Баъзан дар сӯҳбатҳо худашон ҳам мегуфтанд, ки мақсад надоранд. Онҷо маҷбур нестанд, ки омӯзанд. Яъне мақсад надоранд, фикр мекунанд, ки чаро бояд хонанд, вақте метавонанд маоши 10 солаи масалан як муҳандисро падар дар як рӯз барояшон диҳад. Онҳо идеал, нақшаи зиндагӣ надоранд, ҳама чиро дар зиндагӣ доранду дидаанд ва ҳамин баъзан ин ҷавононро ба ҷинояткорӣ мебарад.»
Аммо Шаҳбоз мегӯяд, дӯсти дигаре ҳам дошт аз хонаводаи як соҳибмақом, ки баръакс аз имконоти барояш фароҳамшуда хуб истифода мебурд. Шаҳбоз аз ин дӯсташ, ки дар Амрико таҳсил кардаву донандаи чандин забонҳо будааст, тавсиф мекунад, ки воқеан намунаи ибрат ва хоксору боадаб будааст.
Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, ки 4 фарзанд дорад, мегӯяд, ҳама фарзандонаш ҳоло соҳиби оилаанду зиндагии мустақилона доранд. Барои ин вазир боре ҳам иттифоқ наафтодааст, ки барои кадом фарзандаш сархаму шармсор шавад. Мирзошоҳрух Асрорӣ мегӯяд, новобаста ба мансабу масъулият, шахс бояд барои фарзанди худ вақт дошта бошад. Зеро ба қавли ӯ, тарбияи фарзанд ва муносибати ӯ бо ҷомеа қабл аз ҳама аз фарҳанги хонаводагӣ вобастааст.
Мирзошоҳрух Асрорӣ мегӯяд: «Агар фарҳанги хонаводагӣ сатҳи муносиб дошта бошад, фарзанд низ хуб тарбия меёбад ва дар муоширату муомила бо одамон ҳамеша бо ҷиддияту эҳтиром муносибат мекунад ва агар фарҳанги хонаводагӣ дар сатҳи паст қарор дошта бошад, ин ба шакл гирифтани шахсият таъсири худро мерасонад. Албатта, ҳоло бо сабаби хеле зиёд будани масъулияти давлатӣ вақтҳои ахир ман ҳам шояд расидагӣ карда наметавонам ба фарзандон, аммо мо ҳатман рӯзи истироҳат бо фарзандону набераҳо якҷо ҷамъ мешавему сӯҳбат мекунем.»
Лолаи Саидакбар, хабарнигор ва омӯзгори як мактаби миёнаи пойтахт мегӯяд, маҳз афроди воломақоми кишвар, ки мавриди таваҷҷӯҳи ҷомеа қарор доранд, бояд бештар аз ҳама талош кунанд, ки фарзандонашон соҳибмаърифату ботарбия бошанд: «Мансабдорон бояд дар зеҳни фарзандони худ ҷой кунанд, ки ту бачаи вазирӣ, мардум ин мансабро ба ман бовар кардаанд ва ту ба хотири ман бояд ба мардум бо эҳтиром сӯҳбат кунӣ, номи ман бояд туро тарбия кунад. Агар ин ҷавонон падари худро эҳтиром кунанд, ҳеҷ гоҳ ба чунин амалҳои манфӣ ё иштибоҳе даст намезананд.»
Ба ақидаи мусоҳибони мо, фарзандони афроди соҳибмақом тавре тарбия мегиранд, ки дар назди қонун эҳсоси масъулият намекунанд. Шояд беэҳтиромии падарони тавоно нисбати қонун, айни хислатро дар онҳо ба вуҷуд меорад ва аз сӯйи дигар беҷазо мондани гунаҳкорон ин беэътиноӣ ба қонун ва ҳуқуқи дигаронро тақвият медиҳад. Аксари мусоҳибони мо аз он нигаронӣ мекунанд, ки фарзандони нозпарварди падарони соҳибмақом дар назди дигар сохторҳои қудративу мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳам нуфуз доранд ва онҳо ғолибан бо содири ҷиноят ҳам беҷазо ва дар озодӣ мемонанд.
Лолаи Саидакбар мегӯяд, қонуни масъулияти падару модар танҳо дар нисбати мардуми оддиву камбизоат амалӣ мешавад: «Модари як навраси семичкафурӯш ба хотири ин, ки аз ночори фарзандаш ба бозор баромадааст, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ҷарима мешавад, аммо вақте фарзанди мансабдор ба ҷиноят даст мезанад нисбати ӯ ягон ҷазое пешбинӣ намешавад ва ӯ дар озодӣ мегардад ва ҳамин дар байни мардум шубҳаву гумону тахминҳои зиёдро ба миён меорад.»
Дар пайи баҳсу сӯҳбатҳои ахир атрофи ғалату ҷиноятҳои фарзандони афроди мансабдор дар доираҳои мухталифи Тоҷикистон дар нашрияи «Азия плюс» блоги нафаре бо номи Бахтиёр Каримов нашр шуд, ки дар он ба мансабдорон барои интихоби роҳи дурусти тарбия тавсеаҳо дода шудааст. Муаллиф, ки навиштааст, худаш ҳам дар оилаи афроди соҳибмақоме ба воя расидааст, ба падарони мансабдор тавсеа додаст, ки баъзан вақт ёфтаву бо фарзандони худ дар робита ба мавзӯҳои ҷиддии зиндагии онҳо сӯҳбат кунанд. Дод задану сарзаниш кардан шарт нест, менависад муаллиф, фақат ба таъкиди ӯ бояд падарони соҳибмақом худ намунаи хубе бошанд барои фарзандонашон.