Дар иттилоияи созмондиҳандагон омадааст, Самадова барои фаъолияти барҷастааш дар ҳимояи ҳуқуқи инсон, яке аз довталабони ҷоизаи Мартин Энналс интихоб шуд.
Дар назар аст, ки номи ғолибон рӯзи 19-уми ноябри имсол эълон шавад. Маросими ҷоизасупорӣ 21-уми ноябр дар шаҳри Женева баргузор мешавад.
Ҷоизаи Мартин Энналс ба нафароне дода мешавад, ки сарфи назар аз хатари зиёд барои ҳимояи ҳуқуқи инсон, дифоъ аз озодию демократия ва волоияти қонун талош мекунанд.
Брайан Дули, роҳбари созмони Human Rights First ва аз ҳакамони ҷоизаи Мартин Энналс гуфтааст, Дилрабо Самадоваро барои "кор кардан дар шароити душвор ва руҳбаланд кардани ҷавонони Тоҷикистон" ҳамчун довталаб интихоб карданд.
Дилрабо Самадова давоми 20 соли ахир барои ҳимояи ҳуқуқи инсон, бахусус сарбозон кор мекунад. Ӯ аз камтарин ҳомиёни ҳуқуқ дар дохили Тоҷикистон аст, ки бо расонаҳо озодона суҳбат мекунад.