Муроҷиати оилаҳои бесарпаноҳ ба раисиҷумҳури Тоҷикистон

Яке аз оилаҳои ихроҷшуда

Ҳудуди 7 оила, ки 1.5 моҳ боз дар маҳаллаи 65-уми шаҳри Душанбе дар кӯча ба сар мебаранд, аз раисиҷумҳури Тоҷикистон хостаанд, барои ҳалли мушкилашон мусоидат кунад.
Инҳо аз ҷумлаи оилаҳое буданд, ки 1.5 моҳ пеш аз хобгоҳи Консерваторияи миллии Тоҷикистон, дар маҳаллаи 65-уми пойтахт ихроҷ шудаанд.

Зулайхо Наботова, ки ҳамроҳи фарзанди маъюбаш 1.5 моҳ боз дар кӯча зиндагӣ мекунад, дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт: «Аз 15 оилае, ки ихроҷ шудем, 7-тоямон то ҳол сарпаноҳе наёфтаем ва шабҳои хунукро дар кӯча саҳар мекунем. Онҳое мондаем, ки ягон имконият надорем. Занҳои танҳо бо кӯдакони ноболиғи мактабхон ва ман бо фарзанди маъюбам, қудрати ба ивази 100 доллар иҷора гирифтани хонаро надорем.»

Ин оилаҳо, аз масъулин мехоҳанд, ки ҳадди ақал то моҳи майи соли оянда, онҳоро дар бинои хобгоҳ ҷой диҳанд, зеро то ҳол ду ошёнаи хобгоҳ холӣ аст.

Наботова мегӯяд, «ҳамин ки моҳи май омад, мо худамон баромада меравем.»

Қаблан масъулини Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба далели он, ки донишҷӯёну устодони ин муассиса ба хобгоҳ ниёз доранд, оилаҳоеро, ки 10-15 сол дар он зиндагӣ мекардаанд, бо қарори суд ихроҷ намуданд.

Ин ҳафт оилае, ки то ҳол дар кӯча мондаанд, мегӯянд бо гузашти 1.5 моҳ ҳанӯз ҳам аз чор ду ошёнаи холиянд. Онҳо аз масъулин хоҳиш доранд, ки иҷозаташон диҳанд, ҳадди ақал зимистони ояндаро дар ин хобгоҳ сипарӣ кунанд ва баҳори оянда онро тарк хоҳанд кард.