Ин хобгоҳ дар маркази шаҳр воқеъ буда, ҳудуди 100 нафар донишҷӯёнро метавонад ғунҷонад.
Фирдавс Раҳимов, роҳбари ширкати «Рахшан» гуфт, ки ин ширкат чандест бо бунёд ва роҳандозии марказҳои таълимӣ назири маркази забономӯзӣ машғул аст. Бунёди як хобгоҳ барои донишҷӯйдухтарон низ яке аз самтҳои нави фаъолияти ин ширкат будааст: «Духтарон ояндаи миллати мо ҳастанд. Фарзандони моро оянда онҳо тарбия мекунанд. Бинобар ин, мо бояд шароитҳои беҳтарини таҳсилро ба онҳо фароҳам орем, ки хуб таҳсил кунанд, тарбияи хуб гиранд ва солим ба воя расанд».
Фирдавс афзуд, ки дар ин хобгоҳ ба ҳар донишҷӯ ду маротиба хӯрок дода мешавад ва онҳо имконияти дастрасии озод ба интернет ва шустушӯй ва дарзмоли либосашонро доранд. Инчунин барои афроде, ки хоҳиши ба таври иловагӣ хондани забони англисӣ ва фанҳои математика ва компютерро доранд, шароит фароҳам оварда шудааст. Нархи якмоҳаи зист дар ин хобгоҳ бо тамоми ин шароитҳои зикршуда, 800 сомониро ташкил мекунад.
Аммо Ҳусния, донишҷӯи курси саввуми Донишгоҳо омӯзгории Тоҷикистон мегӯяд, ба қиммати 800 сомонӣ иҷора гирифтани хобгоҳ барои як донишҷӯ хеле гарон аст. Бинобар ин, ӯ мекӯшад аз хобгоҳҳои назди донишгоҳи таҳсилмекардааш истифода кунад: «Нархи хобгоҳи мо дар як моҳ сӣ сомонӣ ва ҷамъан дар як соли хониш 300 сомониро ташкил мекунад. Бар замми ин барои хурду хӯрок ман дар як моҳ 150 -200 сомонӣ масраф мекунам».
Ҳусния афзуд, ҳарчанд шароити зист дар хобгоҳи онҳо олӣ нест, вале қиммати иҷораи он барои як донишҷӯ дастрастар аст. Аммо Нодира, донишҷӯи курси панҷуми Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон, ки дар ин хобгоҳи хусусӣ як моҳ шуд ба сар мебарад, мегӯяд, дар ин хобгоҳ зиндагӣ карда таҳсил намудан муносибтар аст: «Масалан солҳои қаблӣ ман бар ивази 150 доллар хона иҷора мегирифтам. Бар замми пули барқ обро низ худамон мепардохтем. Хӯрокро низ худамон тайёр мекардем. Дар ин ҷо бошад, соати 7-и пагоҳӣ хӯрок омода мешавад, мо наҳорӣ карда ба дарс меравем, ҳеҷ гоҳ дер намемонем аз дарс. Ҳамон маблағе, ки дар ин ҷо месупорем, қаблан ҳам харҷ мешуд, боз мо вақти камтари дарстайёркунӣ доштем».
Мушкили ҷои зист дар шаҳри Душанбе барои донишҷӯён солҳои охир доғтар мешавад. Охиран чанд нафар аз донишҷӯйдухтарони хобгоҳи рақами 6-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз хавфи ронда шудан аз хобгоҳ, даст ба эътироз зада буданд. Ҳамчунин маъмурияти Донишгоҳи давлатии тиббӣ низ устодонашро аз хобгоҳҳояш ронданист, то ин ки донишҷӯёни хориҷиро бо хобгоҳ таъмин кунад. Ба иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон ҳоло танҳо 10 дарсади донишҷӯён ба хобгоҳ таъминанду халос. Ҳол он, ки 50 фисади онҳо ба хобгоҳ ниёз доранд.