“Як кило ангур (манзур ангури воридотӣ)-ро 130 сомонӣ мегӯянд. Ин чӣ гап аст? Як кило қулфинай 200 сомонӣ. Пештар 60 сомонӣ буд. Хуб, мегуфтем, ки дар гармхона парвариш меёбад. 200 сомонӣ бисёр бад аст. Нархҳоро хеле гарон кардаанд”, - изҳор дошт Парвина Ҷумаева рӯзи 31-уми декабр.
Ба гуфтаи мусоҳиби мо, ҳарчанд нархҳо дар шаҳри Хуҷанд ҳам дар арафаи иди Соли нав боло рафтаанд, на ба андозае, ки ҳоло ӯ дар Душанбе шоҳид шудааст.
Аскаралӣ Ғоибов, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва меҳмони пойтахт, низ назари ҳамсон дорад: “Ман маҳсулоти дигарро напурсидаам. Аз деҳот ҳастам, ҳамин об дар онҷо 12 сомонӣ аст. Дар инҷо ба 13 сомонӣ харидаам. Дар ҳоле ки инҷо макони яклухтфурӯшӣ асту мардум аз ҳамин ҷо мебаранд.”
Тоҷирон, баръакс, мегӯянд, нархи маҳсулот дар арафаи Соли нав тақрибан тағйир наёфтааст. Наҷибулло Заҳмат рӯзи 30-юми декабр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, меваҳояшро бо нархе мефурӯшад, ки чанд рӯз пеш мефурӯхт.
“Чи хеле буд, ҳамон хел аст. Ҳеч тағйир наёфтааст. Мандарин 40 сомонӣ буд, ҳол ҳам 40 сомонӣ”, - илова кард вай.
Шикоятҳо аз гароншавии нархи молу маҳсулот, хусусан маҳсулоти ниёзи аввал дар Тоҷикистон дар арафаи иду ҷашнҳо зиёд садо медиҳад. Ҳарчанд мақомот дар ин рӯзҳо ярмарка ва намоишгоҳҳои фурӯши маҳсулот баргузор мекунанд, аммо сокинон чунин тадбирҳоро барои пешгирӣ аз болоравии нархҳо муассир намедонанд.