Шэрон Стоун дар нахустнамоиши филми қирғизӣ дар Лос-Анҷелес (8 АКС ва 2 ВИДЕО)

Рӯзи 4 ноябр нахустнамоиши филми қирғизии «Курманҷон Датқа» дар Лос-Анҷелеси Амрико ситораи маъруфи Ҳолливуд Шэрон Стоун ширкат варзида, ба ин филми коргардон Содиқ Шерниёз баҳои баланд додааст.

Шэрон Стоун, ситораи маъруфи Ҳолливуд шоми 4 ноябр дар Лос-Анҷелес дар нахустнамоиши филми қирғизии «Курманҷон Датқа» ширкат варзида, ба он баҳои баланд додааст. Дар нахустнамоиши филм ҳамчунин коргардонаш Содиқ Шерниёз, продюссери «Курманҷон Датқа» Жилдиз Жолдошева, иҷрокунандаи нақши асосӣ Элина Абай-қизӣ ва сафири Қирғизистон дар Амрико Мухтор Ҷумъаалиев ширкат доштаанд.

«Курманҷон Датқа» нахустин филми қирғизист, ки нахустнамоишаш дар Лос-Анҷелес, «пойтахт» ва «қонунгузори муд»-и синамои ҷаҳонӣ доир мешавад. Ин ҳамчунин нахустин филми пурраметражи ҳунарӣ дар 23 соли истиқлоли Қирғизистон аст, ки хароҷоти дар миқёси Осиёи Марказӣ қобили мулоҳизааш - 1,5 миллион долларро пурра ҳукумати Қирғизистон пардохт кардааст.

Бо вуҷуди даъвати расмӣ, ибтидо касе бовар надошт, ки Шэрон Стоун лутф карда, ба нахустнамоиши филм аз кишвари дуру барои аксари амрикоиҳо ноошное, чун Қирғизистон хоҳад омад. Аммо ӯ омад ва акнун ҳузури Шэрон Стоун ва ситоишҳояш аз филми Содиқ Шерниёз дар амри таблиғи ин филм, ки ба бозори ҷаҳонии синамо роҳ ҷуста ва ҳатто барои дарёфти ҷоизаи Оскар – маъруфтарин ҷоизаи синамои муосир – номзад шудааст, нақши муҳимеро иҷро кард.

Шэрон Стоун бо ҳунармандони қирғиз

Шэрон Стоун бо як чеҳраи бозу хандон бо ҳунармандони қирғиз акс гирифта, дар бораи ин филм-достони қирғизӣ ҳарфҳои хубу ситоишомезе гуфтааст. Шэрон Стоун гуфтааст, филмро ҳамроҳ бо дӯстонаш тамошо кардааст ва «он бисёр олӣ буд.» Ба гуфтаи ситораи Ҳолливуд, ӯ ба ҳама тавсия медиҳад, то ин достони маликаи кӯҳистон – шоҳдухтари Олойро тамошо кунанд.

Аммо агар барои Шэрон Стоун филми «Курманҷон Датқа» писанд омада бошад, барои зодагони Қирғизистон, бахусус ҷавонони қирғиз худи ҳузури ин ситора дар нахустнамоиши як филми қирғизӣ, ки барои бори аввал иттифоқ меуфтад, ва ситоишҳои ӯ аз ҳунари коргардон ва ҳунарпешаҳои қирғиз писанд уфтодааст. Аксҳои ситораи маъруфи Ҳолливуд дар нахустнамоиши филми қирғизӣ инак ду рӯз боз дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар гурӯҳҳои корбарони қирғиз мечархад ва онҳо бо ифтихор ин аксҳоро бо дигарон дар ин шабакаи «шейр» мекунанд.

"Курманҷон Датқа" дар Лос-Анҷелеси Амрико бо ширкати Шэрон Стоун

Аммо вакили порлумони Қирғизистон Турсунбой Боқир-уулу, ки бо баёнияҳои зиддунақизаш маъруф аст, дар ҷаласаи Жогорку Кенеш ба Шэрон Стоун дарафтода, ин ҳунарманди 56-соларо, ки аз «Курманҷон Датқа» ва либоси миллии мардуми қирғиз тавсиф кардааст, «ситораи собиқи филмҳои фаҳш» номид.

Матбуоти ғарбӣ аз бозии Элина Абай-қизӣ дар нақши малика Курманҷон Датқа ва аз тарзи ширкаташ дар нахустнамоиши филм низ тавсиф кардааст. Рӯзномаи «Daily Mail» ӯро маликаи ин шабнишинӣ ном бурд ва гуфт, Элина дар куртаи остиндарозаш хеле ҷаззоб ба назар меомад. Элина Абай-қизӣ либоси миллии қирғизии сохти ширкати “DILBAR" длар нахустнамоиши «Курманҷон Датқа» ширкат кардааст.

«Курманҷон Датқа» дар бораи зане бо ин ном қисса мекунад, ки дар поёни асри 19 ба сарзаминҳои қирғизнишини водии Олой ҳукумат меронд ва байни ду қудрати бузург – империяи Русия ва хонигарии Қӯқанд - моҳирона бозии сиёсии худро мебурд. Дар ниҳоят маҳз дар замони раҳбарии Курманҷон Датқа ва бо имзои ӯ водии Олой ба Русия пайваст.

Пораҳое аз наворҳои таблиғии филми «Курманҷон Датқа»-ро инҷо бубинед: