Қарор аст, муддати як ҳафта номгӯи 12 филми мустанад ва ҳунарии тавлиди синамогарони Афғонистон дар толори "Зебуннисо" ба тамошо гузошта шавад.
Ҳарчанд ин филмҳо дар чаҳорчӯби ҷашнвораи байналмилалии филмҳои синамоии "Дидор" тӯли солҳои 2004 то 2010-ум ба намоиш даромадаанд, барои нахустин бор аст, ки дар шакли "Ҳафтаи филмҳои Афғонистон" рӯи экран мераванд.
Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон аз мубтакирони ин тадбири муҳим аст. Сафари Ҳақдод, раиси ин иттиҳодия гуфт, ки тасмим доранд, бо навбат аз захираи филмҳои ҷашнвораи байналмилалии "Дидор" ҳафтаи филмҳои дигар аз кишварҳои ширкаткунандаи ин ҷашнвораро доир кунанд.
Интизор меравад, ба дунболи Афғонистон, филмҳои истеҳсоли Қирғизистон дар шакли "Ҳафтаи филмҳои қирғизӣ" баргузор гардад.
Ба таъкиди ҷаноби Ҳақдод, "баргузории ин тадобир имкон хоҳад дод, то битавонем аз таҷрибаи филмсозони кишварҳои ҳамсоя, ба хусус Афғонистон, ки ҳамсояи мост, истифода кунем ва ин амр омили густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ шавад."
Сӯҳбати Хуршеди Ҳамдам бо Сафари Ҳақдод:
РУШДИ СИНАМОИ АФҒОНИСТОНИ ҶАНГЗАДА
Ин дар ҳолест, ки бо вуҷуди як кишвари ҷангзада будани Афғонистон, синамои он рушди чашмгире дорад ва бо таҳияи филмҳои мустанад ва ҳунарӣ дар ҷашнвораҳои бузурги байналмилалӣ ширкат мекунад.
Дар миёни филмҳое, ки дар "Ҳафтаи филмҳои афғонӣ" дар Душанбе ба намоиш гузошта мешавад, филми коргардони маъруфи афғон Сиддиқи Бармак, бо номи "Усома" низ ҳаст, ки дар ҷашнвораи байналмилалии Кант ширкат ва соҳиби ҷоиза гардидааст.
Сафари Ҳақдод хабар дод, ки дар чаҳорчӯби баргузории ҷашнвора, коргардони маъруф Сиддиқи Бармак даъват шудааст, ки бо ҳузури вай маҳфиле бо иштироки синамогарони тоҷику афғон дар Душанбе доир хоҳад шуд, то бурду бохти синамо мавриди баҳсу баррасӣ қарор бигирад.
Аммо дар ҳоле, ки синамои Афғонистон бо вуҷуди ҷангу нооромӣ ба рушди чашмгире расидааст, синамои Тоҷикистон то ҳол дар ин росто муваффақ нашудааст. Ҷаноби Ҳақдод, иллати ин амрро дар мушкилоти фаровони мавҷуд, ба хусус мушкилоти молӣ ва ҳамзамон набуди як сохтори вижаи тавлиди синамо арзёбӣ кард.
Танҳо филме, ки дар ин авохир тавассути синамогарони тоҷик дар сатҳи ҳирфаӣ ба рӯи навор омад, "Қиёми рӯз" аст, ки коргардони он Носир Саидов мебошад ва муаллифи он Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳодияи синамогарони Тоҷикистон аст. Ин филм дар чандин фестивалҳои ҷаҳонӣ ширкат ва соҳиби ҷоизаҳо гардидааст.