Ҳизби коргарони Курдистон (маъруф бо истилоҳи англисии “РКК”) эълон кард, ки шурӯъ аз субҳи имрӯз, 1 март оташбас эълон мекунад.
Дар ин бора нашрияи “Ҳуррият” хабар додааст. РКК дар Туркия, Иттиҳоди Аврупо ва ИМА ба феҳристи ташкилоти террористӣ ворид карда шудааст.
Ин созмон шурӯъ аз соли 1984 зидди ҳукумати Туркия амалиёти мусаллаҳона пеш мебарад ва талаб дорад, ки барои курдҳои Туркия як минтақаи мухтор таъсис диҳанд.
Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, даъвати раҳбари зиндонии шӯришиёни курд Абдулло Оҷалон ба халъи силоҳ ва хатми муқовиматҳои мусаллаҳона дар талошҳои Анкара барои эҷоди давлати озод аз терроризм саҳифаи наве боз мекунад. Эрдуғон гуфт, “мо имкон дорем, ки барои ба ҳам задани девори терроризм як қадами таърихӣ гузорем”.
Даъвати Оҷалон барои замин гузоштани силоҳ ва эълони оташбас на танҳо мавриди итсиқболи ИМА, Иттиҳоди Аврупо ва дигар муттафиқони ғарбӣ гардид. Ироқ ва Эрон, ки ҳамчунин ҷамъияти сершумори курдҳоро доранд, аз ин даъват ситоиш карданд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Раҳбари зиндонии "PKK" аз нерӯҳояш хост, силоҳро ба замин бигузоранд Ҳамлаи Туркия ба "PKK" дар Ироқ ва Сурия пас аз тирандозӣ дар АнқараИнтихоботи деринтизор дар Курдистони Ироқ