Вакили эронӣ: "Эътироз зидди ҳиҷоб натиҷаи иштибоҳи мо буд"

Як намояндаи Маҷлиси Эрон эътирози чанд зану духтар алайҳи ҳиҷоби маҷбурӣ дар ин кишварро натиҷаи "фишор" ва "бархӯрди ғалати ҳукумат" донист.

Бар асоси ин қонун, заноне ки бидуни ҳиҷоби шаръӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир мешаванд, аз 10 рӯз то ду моҳ зиндонӣ хоҳанд шуд.

Моҳи декабри соли гузашта духтаре дар хиёбони Инқилоби Теҳрон ошкоро чодарашро аз сар бадар кард ва дар нӯги чӯбе гирифту алвонҷ дод. Баъдан чунин эътироз алайҳи ҳиҷоби маҷбурӣ дар Исфаҳону Шероз ва Машҳад мушоҳида шуд.

Суҳайло Ҷилавдорзода, намояндаи порлумони Эрон аз Теҳрон, рӯзи 31-уми январ гуфт, "замоне барои занон маҳдудият қоил мешудем ва онро зери тангнои ғайрилозим қарор медодем. Ҳамин масъала сабаб шуд, ки фишорҳо туғён кунад ва духтарони хиёбони Инқилоб рӯсарии худро сари чӯб намоянд."

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Муҳаммадҷавод Мунтазирӣ, додситони кулли Эрон, ҳам рӯзи 31-уми январ гуфтааст, "ин иқдом як ҳаракати бачагона ва аз рӯи таҳрики эҳсосот ва роҳнамоии хориҷ аз кишвар аст." Ӯ айни замон гуфтааст, "ҳифзи ҳиҷоб риояи қонуни кишвари мост".

Аз тарафи дигар, ба гузориши ИРНА, Алӣ Мавлонзода, ҷонишини вазири умури дохилӣ рӯзи 31-уми январ дар Исфаҳон гуфт, "мавзӯи ҳимоят аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва ҳиҷоб дар бахши осебҳои иҷтимоӣ қарор гирифтааст". Вай вазъияти ҳиҷобро дар идораҳои давлатӣ "матлуб" арзёбӣ кард ва афзуд, "бояд ба вазъияти ҳиҷоб дар бахши хусусӣ бештар расидагӣ шавад".

Ин мақоми давлатӣ, инчунин, гуфт, мавзӯи риояи ҳиҷоб бо кори фарҳангӣ дуруст мешавад ва бояд дар авлавияти идораҳои фарҳангӣ қарор гирад.

Дар ҳафтаҳои ахир гузориш ва тасвирҳое дар мавриди эътирози ошкорои чанд зан алайҳи ҳиҷоби иҷборӣ дар шаҳри Теҳрону Исфаҳон, Шероз ва Машҳад нашр шуд. Рӯзи 31-уми январ як тасвир аз зане дар шабакаҳои иҷтимоӣ чоп шуд, ки дар сар чодар дорад, вале як рӯсариро ба чӯб овезон карда, такон медиҳад. Дар гузоришҳо эълон шуд, ки ин зан дар Машҳад ба ин кор иқдом кардааст.

Ҳамчунин, аксе аз як зани дигар мунташир шуд, ки кӯдаки хурдсолро дар оғӯш гирифта, бо алвонҷ додани рӯсарии сафед ба ҳиҷоби маҷбурӣ дар Эрон эътироз мекунад.

Эътирози ошкор ба ҳиҷоби маҷбурӣ аз моҳи декабри соли гузашта дар Эрон шурӯъ шуд. Бори аввал моҳи декабри соли 2017 духтаре дар хиёбони Инқилоби Теҳрон ба таври аланӣ ҳиҷобашро аз сар гирифт ва баъди он аз тарафи нирӯҳои интизомӣ боздошт шуд. Номи ин зан зикр намешавад. Вай дар навор хомӯшона рӯймоли сафедро алвонҷ медод ва ошкоро зидди ҳиҷоби иҷборӣ эътироз мекард.

Дертар вакили дифоъ Насрин Сутуда хабар дод, ки барои огоҳӣ пайдо кардан аз парвандаи ин зани боздоштшуда ба додситонӣ рафт, вале дар онҷо гуфтаанд, он занро 27-уми январ раҳо карданд.

Аз соли 1979 истифода аз ҳиҷоб барои занон дар Эрон ҳатмӣ шуд. Пас аз муддате дар ин бора қонун ба тасвиб расид ва ба заноне, ки бидуни ҳиҷоби шаръӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ҳозир мешаванд, аз 10 рӯз то ду моҳ ҷазо муқаррар кард.

Солҳо пеш мақомоти Эрон барои назорат аз риояи ҳиҷоб тарҳеро бо уновни "Гашти иршод" низ роҳандозӣ карданд. Яке аз вазифаҳои он муқобила бо "бадҳиҷобӣ" будааст. Аммо охири соли гузашта мақомоти Теҳрон гуфтанд, аз ин ба баъд занҳоро барои нақзи қоидаи пӯшидани либоси исломӣ боздошт намекунанд. Акнун занҳоеро, ки қоидаи пӯшиши исломиро вайрон кардаанд, барои омӯзиш ба марказҳои машваратӣ мефиристанд.