Ба гузориши хабаргузории "Меҳр"-и эронӣ, Ҳасан Рӯҳонӣ дар суханронии худ изҳор доштааст: "Мо ҳама тобеи Қонуни асосӣ ҳастем ва дар ин Қонуни асосӣ байни пайравони ақвом ва мазҳаб фарқе вуҷуд надорад ва тамоми мардуми Эронзамин таҳти ливои Қонуни асосӣ аз ҳуқуқи шаҳрвандӣ бархӯрдоранд."
Ҳасан Рӯҳони бо баёни ин, ки "мо дар ин кишвар шаҳрванди дараҷаи ду надорем, бори дигар таъкид кардааст, ки мо "ҳеҷ фарқе миёни мазҳаб, ақвом ва ҷинсият тибқи Қонуни асосӣ қоил нестем" ва ҳамчунин афзудааст, ки дар ин кишвар шоистасолорӣ ҳоким аст.
Ин изҳороти Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҳоле баён мешавад, ки дар моддаи дувоздаҳуми Қонуни асосии Ҷумҳурии исломии Эрон мазҳаби расмии кишвар мазҳаби исноашарӣ эълом шуда ва дар моддаи 115 низ мансабҳои олии ҳукуматӣ, яъне раҳбарӣ ва раёсати ҷумҳурӣ ба шиаиён ихтисос дода шуда ва сунниён ва пайравони дигар мазҳабҳо аз соҳиб шудан ба ин мақомҳо маҳруманд.
Се сол қабл 12 намояндаи парлумони Эрон бо навиштани як номаи саркушода ба Оятуллоҳ Хоманаӣ, раҳбари он кишвар, хоҳони рафъи табъиз аз аҳли суннат, рафъи маҳдудиятҳои мазҳабии эҷодшуда барои аҳли суннат ва иҷозаи сохтани масҷид дар Теҳрон шуданд.
Дар ин нома намояндагони аҳли суннати парлумони Эрон барои нахустин бор аз замони ташкили Ҷумҳурии исломӣ аз Оятуллоҳ Хоманаӣ хостанд, то ба бознигарӣ ва ислоҳи моддаи 115-и Қонуни асосӣ ва рафъи мамнуияти номзадии аҳли суннат дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ мувофиқат кунад. Пас аз он гузорише дар мавриди баррасӣ ё расидагӣ ба ин дархостҳо мунташир нашуд.
Изҳороти Ҳасан Рӯҳонӣ дар мавриди адами табъизи ҷинсиятӣ дар Эрон низ дар ҳоле баён мешавад, ки занон дар Эрон ба гуфтаи ниҳодҳои ҳуқуқи башар тибқи қавонин бо масъалаи ҳиҷоби маҷбурӣ ва масоили дигар, аз ҷумла пешгирӣ аз ҳузури онҳо дар стадионҳо барои тамошои футбол ва намудҳои дигари варзиш, рӯбарӯ ҳастанд.