Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки хабари аз кӯдаки тоҷик ба бемории хатарноки “Гепатити А” гирифтор шудани якбора шаш мактабхонро дар Русия таҳқиқ доранд. Раҳбарияти идораи “Роспотребнадзор” дар вилояти Иркутски Русия эълон карданд, ки шаш кӯдаки гирифтори “Гепатити А” дар ноҳияи Качугскийи ин вилоят аз як муҳоҷирбачаи тоҷик сироят шудаанд. Ба иттилои ин ниҳод, бори ахир ҳодисаи гирифторӣ ба “Гепатити А” дар Иркутск соли 2014 сабт шуда буд.
Соли 2010 Русия бо эълони инки аз Тоҷикистон вируси фалаҷи атфол ворид мешавад, қабули кӯдакони то шашсолаи тоҷик ба кишварашро манъ кард.
Наврӯз Ҷаъфаров – муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон – рӯзи 24 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти беҳдошти кишвар хабарро ҷиддӣ гирифтаанд. Ӯ гуфт, “воқеан дар Тоҷикистон дар тирамоҳи соли ҷорӣ мубталоён ба бемории зардпарвин (исми мардумии ин беморӣ) буданд ва ҳамаи онҳо таҳти назорати табибон қарор доранд.”
"Гепатити А-ро зуд шинохта намешавад"
Ҷамшед Ҳомидов, муовини сардухтури бемористони “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе гуфт, агар хабар дуруст бошад, эҳтимоли сироят шудани кӯдакон аз як тифле, ки аз кишвари дигар омадааст, ҷой дошта метавонад. Ҳомидов гуфт, хусусияти “Гепатити А” ин аст, ки дар марҳилаи аввали гирифторӣ зуд ошкор ё шинохта намешавад ва мӯҳлати инкубатсионии ин беморӣ тӯлонӣ давом мекунад.
“Мӯҳлати хуруҷи вируси гепатит тӯлонитар аст. Ба ин хотир, имкон дорад, кӯдак дар Тоҷикистон ба ин беморӣ сироят шуда ва дар Русия он ошкор шуда бошад”, - афзуд Ҳомидов.
Сафорат: Қазияро пайгирӣ дорем
Сарвар Бахтӣ, сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 24 ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, намояндагии дипломатӣ низ аз ин ҳодиса нигарон буда, тавассути созмони тоҷикони ин минтақа тафтиши ҷузъиёти онро шурӯъ кардааст. Аммо, ба гуфтаи вай, рустое, ки дар он ҳодисаи гирифтории кӯдакон ба “Гепатит” рух додааст, дуртар аз маркази ноҳия аст ва ба ин хотир намояндагони созмон натавонистаанд то ҳол ба ҷойи ҳодиса бирасанд. Сарвар Бахтӣ гуфт, дар сурати пайдо шудани иттилои тоза, сафорат шаҳрвандони Тоҷикистонро дар ин бора хабардор мекунад.
Дар ҳамин ҳол, мутахассисон мегӯянд, то 85 дарсади сироятшудаҳо ба зардпарвин дар Тоҷикистон кӯдакони то 14-сола мебошанд. Пизишкон ин сироятро “бемории дастҳои ифлос” меноманд, чун пеш аз ҳама, бо сабаби риоя нашудани меъёрҳои тозагӣ ва гигиена пайдо мешавад. Бактерияҳои ин беморӣ дар шароити гармӣ парвариш ва паҳн шуда, дар сармо нобуд мешаванд.
"Мо ягон бор нагуфтем, ки аз Русия грипп меоранд"
Мақомот дар Тоҷикистон мегӯянд, ки то фарорасии сардиҳои имсола ангезандаи ин бемориро маҳв кардаанд ва ҳоло дар кишвар бемории марбут ба сармохӯрдагӣ бештар ба назар мерасад.
Наврӯз Ҷаъфаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз таъкиди бархе матбуоти русӣ ба “миллати кӯдаки бемор” нороҳат шудааст ва ин кори бархе матбуоти русиро “ғайриахлоқӣ” меномад. Вай мегӯяд, мақомоти тоҷик ҳеҷ гоҳ «Русияро барои паҳн кардани бемориҳо дар Тоҷикистон» гунаҳкор накардааст, ҳарчанд ҳодисаҳои гирифторӣ ба баъзе навъҳои грипп кам нест.
"Дарди кӯҳнаи" Русия
Табибон мегӯянд, беморӣ миллат ё марзро намешиносад ва дар сурати вуҷуди як вирус дар бадани инсон ва ҳаракати бемор аз як кишвар ба кишвари дигар, ӯ метавонад нохудогоҳ паҳнкунандаи ин беморӣ шавад. Вале тобиши сиёсӣ додан ба ин масъала дуруст нест. Танҳо машварат мешавад, ки пеш аз сафар ва ҳам дар ҳолати эҳсоси нороҳатӣ дар бадан, аз муроҷиати саривақтӣ ба табибон худдорӣ нашавад.
Соли 2010 Русия бо эълони инки аз Тоҷикистон вируси фалаҷи атфол ворид мешавад, қабули кӯдакони то шашсолаи тоҷик ба кишварашро манъ кард. Илова ба ин, бо амри Хадамоти беҳдошти Русия, вуруди меваи хушки Тоҷикистон ба Русия ҳам ғайриқонунӣ эълон шуд.