"Боз ҳодисаи инсулин такрор нашавад?" - Даъвати Зуҳуров ба шаффофияти иҷрои барномаи сил

Рӯзи 5 октябр дар ҷаласаи парлумони Тоҷикистон қабл аз тасвиби созишномаи нави ихтисоси маблағҳои грантии муолиҷаи сил, баҳси мушкили дастасӣ ба доруҳои бепули грантӣ, қимати гарони доруҳо ва шаффофияти истифодаи ин маблағҳо аз ҷониби сохторҳои масъул бархост.

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, ки иҷрои ҳама гуна лоиҳаҳои грантӣ дар кишвар бояд ба таври шаффоф сурат гирифта ва маблағҳо ба таври ғайримақсаднок истифода нашаванд. Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ин ҳарфҳоро ҳангоме ба забон овард, ки навбати баррасии Созишномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза алайҳи бемории сил дар Тоҷикистон расид.

Рӯзи 14 декабри соли 2015 Созишномаи грантӣ байни Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” ва Хазинаи глобалӣ барои мубориза бо бемории заъфи масунияти одам, сил ва вараҷа дар доираи Барномаи “Мубориза бар зидди бемории сил дар Тоҷикистон” имзо гардид ва ба ин манзур Хазинаи глобалӣ ба Тоҷикистон 4 миллиону 665 ҳазор доллар ҷудо кард.

Барои табобати пурраи беморони сил аз 5 то 6 ҳазор доллар ва барои табобати беморони вазнин 16 то 18 ҳазор доллар лозим аст

Қабл аз тасвиби ин созишнома, Зуҳуров гуфт: “Татбиқи лоиҳаи мазкур бояд шаффоф бошад, маблағ барои корҳои дигар, масалан, барои таҷҳизонидани кабинетҳои боҳашамати корӣ ё харидани мошинҳои қимат сарф нашавад. Бояд таҷҳизоти замонавӣ харидорӣ шавад. Боз ҳодисаи лоиҳаи харидории инсулин такрор нашавад? Мо раванди иҷрои лоиҳаро назорат карда ва дубора ҷараёни иҷрои онро баррасӣ мекунем”.

Ишораи Зуҳуров ба хабари моҳи августи имсол буд. Он вақт маълум шуд, ки захираи доруи инсулин дар анборҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, ки ба беморони гирифтори диабети қанд бепул тақсим мешуд, ба поён расидааст. Ин ҳол аз сабабе ба миён омад, ки ҳангоми таҳияи буҷаи соли 2016 барои харид ва тақсими ройгони инсулин дар байни гирифторони диабети қанд маблағи кофӣ ҷудо нашуд ва созмонҳои байналмилалӣ низ барномаи ироаи ройгони ин навъи доруро ба Тоҷикистон қатъ кардаанд.

Дар посух мудири лоиҳа Муродалӣ Рӯзиев гуфт, аз маблағи ҷудошуда 1 миллиону 592 ҳазор доллар барои харидории таҷҳизоти тиббӣ, 1 миллиону 613 ҳазор доллар барои харидории дору, 600 ҳазор доллар барои хароҷоти татбиқи лоиҳа ва 800 ҳазор доллар барои боло бурдани савияи дониши мутахассисони беморхонаҳои сил масраф хоҳад шуд.

Шукурҷон Зуҳуров

Дар ҳамин ҳол, яке аз вакилони маҷлис ба масъалаи баҳрабардории муштариён – беморони сил аз маводи ройгони дорувор дар муассисаҳои тиббии маҳаллӣ изҳори нигаронӣ кард. Ҷамшед Муртазоқулов, вакили маҷлис аз ноҳияи Ваҳдат гуфт, бо вуҷуди ройгон будани ташхису табобати бемории сил дар Тоҷикистон дар бештари маврид беморон доруи барои муолиҷа заруриро бо пули худ харида ва дар баъзе ҳолатҳо пизишкон аз беморон пул мегиранд. Беморону аъзои хонаводаи онҳо аз гарон будани доруҳо барои табобати бемории сил шикоят мекунанд. Ин дар ҳолест, ки бештари беморон аз хонаводаҳои камбизоат буда ва имкони харидории доруҳои гаронбаҳоро надоранд.

Бино ба иттилои масъулони “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил”, барои табобати пурраи беморони сил аз 5 то 6 ҳазор доллар ва барои табобати бемороне, ки дараҷаи бемориашон вазнин аст, 16 то 18 ҳазор доллар лозим аст. Ба гуфтаи ин манбаъ, доруҳо барои табобати мубталоёни ин беморӣ хеле гарон буда ва Тоҷикистон умдатан онҳоро ба таври ройгон аз созмонҳои хайрияи байналмилалӣ дарёфт мекунад.

Шукурҷон Зуҳуров гуфт, агар дору ва табобати бемории сил пулакӣ бошад, бояд беморхона расман инро эълон кунад.

Бояд таҷҳизоти замонавӣ харидорӣ шавад. Боз ҳодисаи лоиҳаи харидории инсулин такрор нашавад? Мо раванди иҷрои лоиҳаро назорат карда ва дубора ҷараёни иҷрои онро баррасӣ мекунем

Масъулони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон гуфтанд, умедворанд дар доираи ин лоиҳа масълаи таъмини беморони сил бо доруҳои гаронбаҳо то андозае ҳал шавад. Омори расмӣ ҳокист, ки дар 10 соли ахир дар Тоҷикистон нишондоди сил шашяк маротиба ваё 16 дарсад коҳиш ёфта ва ҳодисаҳои маргу мир дар миёни ин беморон 50 дарсад коҳиш ёфтааст. Аз ҷумла, бемории сил дар ноҳияи Восеъ, ки ҳатто дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ аз минтақаҳои паҳншудаи бемории сил ҳисоб меёфт, ба ҳар 100 ҳазор аҳолӣ 49,7 дар сад коҳиш ёфтааст.

Иҷрокунандаи раиси “Маркази ҷумҳуриявии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” Аслиддин Раҷабов далели ин пешрафтро ба харидории таҷҳизоти ҷадиди ташхисии мавсум ба “Ҷ-Эксперт” марбут хонд, ки тавассути он дар муддати ду соат шахси гумонбар ба бемории сил ташхис мешавад. Ӯ гуфт, қаблан вуҷуди нишонаҳои беморӣ дар бадани инсонро дар муддати беш аз ду моҳ ташхис мекарданд.

Ҳоло дар муассисаҳои вижаи муолиҷаи сили Тоҷикистон 15 таҷҳизоти нави ташхис амал мекунад, ки бо сармояи Хазинаи глобалӣ вориди кишвар шудаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, теъдоди мубталоёни бемории сил дар Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор нафар арзёбӣ мешаванд.

Бемории сил як навъи маризии иҷтимоӣ маҳсуб мешавад, чун барои муолиҷаи он на танҳо маводи дорувори гаронарзиш, инчунин ғизои хубу пурэнержӣ лозим аст. Аз ҳамин хотир, дар бисёр ҳолатҳо барангезандаи бемории сил дар зиндонҳо пайдо мешавад. Барангезандаи беморӣ микробактерияи сил ё чӯбчамикроби Кох мебошад. Бемории сил асосан ба шуши инсон осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ асар мегузорад ва системаи масунияти инсонро ба ҳам мезанад.