Бо вуҷуди гузаштани 18 сол аз вуруди мафҳуми «гендер» ба ҷомеаи Тоҷикистон ҳанӯз аз ҷониби мардуми тоҷик, бахусус мардҳо ба пуррагӣ қабул нашудааст.
Вилоят Мирзоева, раҳбари барномаи занони СММ дар Тоҷикистон ва аз мубаллиғони шинохтаи сиёсати гендерӣ мегӯяд, то ҳол ин сиёсат натиҷаи дилхоҳ надодааст.
Озодӣ: Шумо аз нахустин нафароне ҳастед, ки мафҳуми «гендер»-ро ба ҷомеаи Тоҷикистон ворид кардед. Аз нигоҳи шумо, баъди гузашти солҳо имрӯз гендер дар ҷомеа то кадом андоза риоя мешавад?
Вилоят Мирзоева: Татбиқи барномаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон аз соли 1995 шурӯъ шуд. Ин барномаи ҳукуматӣ буд ва сармоягузории онро Созмони Милали Муттаҳид анҷом медод. Воқеан, ба мардум фаҳмондани он хеле душвор буд. Албатта, тӯли ин солҳо ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Қонуну барнома ва стратегияи миллӣ дар ин самт қабул шуд. Фикр мекунам, ки имрӯз дар ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон мардум ин калимаро медонанд. Вале донистан танҳо як ҷиҳати масъала аст. Барои риояи он корҳои зиёдеро анҷом додан лозим меояд. Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон чун ҳамоҳангсози сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Муваффақ шудан ба баробарии воқеии гендерӣ аз худи занҳо низ ҷидду ҷаҳди самимиро мехоҳад.
Озодӣ: Мардум аз он ҷиҳат зиёд мухолифат доштанд, ки мегуфтанд, ин ба ҷомеаи мо мувофиқ нест…
Вилоят Мирзоева: Албатта, фаҳмиши нодуруст дар бештари ҳолатҳо аз он ҳам вобаста аст, ки мо ба мардум чӣ хел мефаҳмонем. Баъзе коромӯзон ин мафҳумро нодуруст мефаҳмонанд, яъне гӯё гендер танҳо масъалаи занон бошад. Гендер баробарҳуқуқии ҳам зан ва ҳам мард аст. Ман ба мардум мегуфтам, ки шумо гумон накунед, ки мо танҳо дар бораи занҳо сӯҳбат мекунем. Баъзе масъалаҳое ҳастанд, ки барои мардҳо душвор аст. Мо ҳамроҳи Нигина Шарофова, собиқ муовини сарвазир ва вазири низ пешини тандурустӣ як таҳқиқ гузаронда муайян кардем, ки дар масъалаи солимии репродуктивӣ мардҳо бештар душворӣ доранд. Ё дар масъалаи камбизоатӣ. Бояд мардум донанд, ки дар кадом масъалаҳо занҳо душворӣ мекашанд, дар кадом масъала мардҳо. Барномаи рушди занони СММ барои рушди занҳо кор мекунад, вале мо ба назар мегирем, ки бояд баробарҳуқуқӣ ҳаққонӣ бошад. Лекин таҳлилҳо нишон медиҳад, ки вазъи занҳо нисбат ба мардҳо душвортар аст.
Озодӣ: Яъне, ҳоло қонеъ ҳастед аз натиҷаҳои ба даст омада?
Вилоят Мирзоева: Одам ҳар чӣ қадар бештар донад, ҳамон қадар барояш душвортар мешудааст, зеро ба умқи мушкилотҳо ворид мегардад. То як андоза қонеъ ҳастам, чун сиёсати имрӯзии кишвар риояи тавозунро ба назар мегирад.
Озодӣ: Вале мардҳо ба ҳар ҳол инро қабул карданд?
Вилоят Мирзоева: Таҷрибаи рӯзгор худаш ба ҳама гуна суол посух мегӯяд. Бубинед, имрӯз мардҳо ба муҳоҷират рафтанд ва ҳама бори зиндагиро ба дӯши занҳо гузоштанд. Аммо ҳолатҳое ҳаст, ки занҳо кор мекунанду мардҳо нигаҳбони хонаанд. Масалан, ҳангоми тиҷорат барои занҳо аз сарҳад гузаштан осонтар аст, назар ба мардҳо. Дар ин хел ҳолатҳо мардҳо дар хона ба нигоҳубини фарзандон машғул мешаванду занҳо тиҷорат мекунанд.
Озодӣ: Бархе мегӯянд, ки баъзан ба хотири риояи тавозун бонувонеро ҳам ба вазифа таъин мекунанд, ки чандон арзанда нестанд.
Вилоят Мирзоева: Арзанда ё арзанда набудани он одамон пеш аз ҳама ба салоҳияти сохторҳои дахлдор вобаста аст.Вале аз чи бошад ин ҳарфҳо бештар дар таъини занон ба вазифаҳо садо медиҳад, магар ҳамаи мардон дар вазифаҳои ишғолкардаашон арзанда ҳастанд? Ба фикри ман, ҳангоми ҷо ба кардани кадрҳо бояд ҳама гуна фикрҳоро ба назар гиранд. Вале аз ҷониби дигар баъзе одамоне, ки мардум гумон мекунанд, ки онҳо арзандаанд, намехоҳанд дар вазифаҳои давлатӣ фаъолият дошта бошанд. Шояд онҳо бештар эҳсоси масъулият мекунанд. Аммо одамоне, ки ман бо онҳо кор мекунам, ҳам аз ҳукумат ва ҳам аз кумитаи кор бо занон, одамони арзанда ва равшанфикранд.
Занҳо ними ҷумҳуриҳоро ташкил медиҳанд. Магар онҳо арзандаи дар вазифаҳои баланд кор кардан нестанд? Барои чӣ зан роҳбар шуда наметавонад? Метавонад! Дар самти хоҷагиҳои деҳқонӣ занҳое, ки раҳбаранд, новобаста ба он ки масоҳати заминашон камтар аст, назар ба баъзе хоҷагиҳои деҳқонии мардон бештар ҳосил мегиранд. Оморро таҳлил кардан даркор. Дар ноҳияҳо занҳои фаъол зиёд дорем, лекин чашмашонро кушодан лозим аст. Бояд аз маҳдудаи худашон бароянд.
Озодӣ: Соли 1995 Фармони президенти Тоҷикиистон дар мавриди "Тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" ба имзо расида буд, ки дар асоси он бояд дар ҳамаи вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо ва дигар ташкилоту муассисаҳои давлатӣ , яке аз муовинон аз ҷумлаи бонувон бошад. Фикр намекунед, ки имрӯз зарурати ворид кардани дигаргунӣ ба миён омадааст? Магар имрӯз ҳам занон наметавонанд ба ҳайси роҳбари аввал фаъолият намоянд?
Вилоят Мирзоева: Он вақт ин фармон зарур ва саривақтӣ буд. Ҳоло аксари ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳам мегӯянд, ки бояд роҳбарони ҳукумати мо дар ин бора фикр кунанд. Чаро зан, масалан, вазир шуда наметавонад? Чаро зан роҳбар шуда наметавонад? Зан натанҳо дар сатҳи муовини раис бояд фаъолият кунад . Ҳоло ҳаёт аллакай дигаргун шудааст.
Озодӣ: Дар ин фармон ҳамчунин зикр шуда буд, ки ба ғайр аз сохторҳои қудратӣ дар дигар вазорату идораҳо занҳо бояд муовини раис бошанд. Ин дар ҳолест, ки дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя дар ин сохторҳо занҳо ба ҳайси вазир фаъолият доранд.
Вилоят Мирзоева: Ман чанд занеро аз сохторҳои қудратӣ мешиносам, ки дар самти корашон хеде муваффақ ҳастанд. Ба ёд оред, вақте ки дар паради ҳарбӣ махсус ротаи занҳо гузаштанд, чӣ қадар зебо буд. Ман хеле фахр карда будам. Расмашонро ҳама нашрияҳо чоп карда буданд. Наход мо аз миёни ин қадар занҳо ду-се раҳбар ёфта натавонем? Метавонем!
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Вилоят Мирзоева
Вилоят Мирзоева 1 июни соли 1952 дар шаҳри Кӯлоб ба дунё омадааст. Соли 1969 мактаби миёнаи рақами 50-и шаҳри Душанбе ва соли 1973 факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистонро хатм кардааст. Баъди ду даҳаи кор дар соҳаи маориф, соли 1995 раҳбари дафтари созмони «Зан дар тараққиёт» интихоб шуд. Ҳоло ӯ ҳамоҳангсози лоиҳаҳои барномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бахши занон дар Тоҷикистон аст. Номзади илми таърих. Рисолаи номзадиашро дар мавзӯи таърихи рушди ҳаракатҳои занон дар замони истиқлол дифоъ кардааст. Оиладор, соҳиби ду фарзанд ва 4 набера.Вилоят Мирзоева: Татбиқи барномаҳои гендерӣ дар Тоҷикистон аз соли 1995 шурӯъ шуд. Ин барномаи ҳукуматӣ буд ва сармоягузории онро Созмони Милали Муттаҳид анҷом медод. Воқеан, ба мардум фаҳмондани он хеле душвор буд. Албатта, тӯли ин солҳо ҳам аз ҷониби ҳукумат ва ҳам созмонҳои ҷамъиятию байналмилалӣ корҳои зиёде ба анҷом расиданд. Қонуну барнома ва стратегияи миллӣ дар ин самт қабул шуд. Фикр мекунам, ки имрӯз дар ҳар гӯшаю канори Тоҷикистон мардум ин калимаро медонанд. Вале донистан танҳо як ҷиҳати масъала аст. Барои риояи он корҳои зиёдеро анҷом додан лозим меояд. Кумитаи кор бо занон ва оилаи Тоҷикистон чун ҳамоҳангсози сиёсати гендерӣ дар Тоҷикистон фаъолият дорад. Муваффақ шудан ба баробарии воқеии гендерӣ аз худи занҳо низ ҷидду ҷаҳди самимиро мехоҳад.