229 грамм ҳероин дар парвандаи мудири осорхонаи Хатлон

Акси Насриддин Каримов

Насриддин Каримов, мудири осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносӣ дар Хатлон ба иттиҳоми истеъмоли маводи мухаддир дастгир шуда, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатии Қӯрғонтеппа будааст.

Насриддин Каримов, мудири осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносӣ дар вилояти Хатлон ("Авасто") ба иттиҳоми истифода аз маводи мухаддир боздошт шудааст. Ин хабарро рӯзи 29 март дар сӯҳбат бо Озодӣ манобеъ дар раёсати фарҳанг ва идораи мубориза бо маводи мухаддири вилояти Хатлон тасдиқ карданд.

Ҳарчанд дар раёсати фарҳанг иллатҳои боздошти Каримовро шарҳ надоданд, аммо як масъули идораи мубориза бо маводи мухаддир дар Хатлон гуфт, ки раҳбари осорхона ба иттиҳоми истеъмоли маводи мухаддир аз сӯи мақомоти амниятӣ дастгир шуда ва ҳангоми боздошт аз ӯ 229 грамм ҳероин низ дарёфт шудааст.

Як мақоми ҳукумати вилояти Хатлон низ ба шарти ифшо нашудани номаш ба Озодӣ гуфт, боздошти Насриддин Каримов пеш аз таҷлили ҷашни Наврӯз сурат гирифтааст ва ҳоло ӯ дар боздоштгоҳи муваққати шаҳри Қӯрғонтеппа нигоҳдорӣ мешавад.

Насриддин Каримов ҳамагӣ як сол пеш ба вазифаи мудири Осорхонаи таърихӣ ва кишваршиносӣ дар вилояти Хатлон таъин шуда, дар оғози соли ҷорӣ дар як нишасти хабарӣ бо рӯзноманигорон рӯбарӯ шуда буд. Насриддин Каримов дар ин нишасти матбуотӣ гуфта буд, барои рушди осорхонаи вилоятии кишваршиносӣ талошҳои зиёд анҷом дода ва гӯшаҳои нав таъсис додааст. Ба қавли ӯ, гӯшаи ақалиятҳои миллӣ ва "Бонувони намунаи Хатлон" аз идеяҳои Насриддин Каримов будааст, ки дар рӯзҳои аввали кориаш таъсис дода шуда ва аз гӯшаҳои пурбинанда ба шумор мерафтаанд.

Насриддин Каримов дар гузашта ба соҳибкорӣ машғул буд ва аз моликони тарабхонаи "Миршаб" дар маркази вилояти Хатлон низ гуфта мешавад.