Дар Русия, ки мушкили коҳиши таваллуд ва камшавии аҳолӣ ба як масъалаи давлатӣ табдил шудааст, раиси як минтақа амр додааст, ки ба шогирдони мактабҳои миёна барои ҳомиладор шудан 100 ҳазор рубл (муодили 1200 доллар) пардохт шавад.
Амри мазкур рӯзи 20 март аз ҷониби раиси вилояти Орлов Андрей Кличков имзо шудааст. Ин санад мегӯяд, ки талабаҳои мактаб дар сурати ҳомиладоршавӣ бояд худро ба қайд бигиранд ва барои ин ба онҳо пардохти якдафъаинаи ин маблағ ваъда мешавад.
Чунин амр бар пояи ислоҳи қарори 12 декабри соли 2024-и Кличков карда ва дар он мушаххасан навишта шудааст, ки шогирдони “мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ” дар сурати ҳомилдор шудан метавонанд ба гирифтани пул дархост диҳанд.
Нашрияи "7х7" гуфтааст, ки то имрӯз дар 40 минтақаи Русия барои таваллуди барвақти донишҷӯдухтарон пардохти маблағ ҷорӣ шудааст. Масалан, барои донишҷӯдухтарони вилояти Челябинск барои таваллуди кӯдак дар синни то 24-солагӣ пардохти 1 миллион рубл, дар Рязан барои таваллуди кӯдак то 25-солагӣ – 50 ҳазор рубл ва дар Мордовияву Самара – 100 ҳазор рубл ваъда шудааст.
Баробар бо ин, дар беш аз даҳ минтақаи Русия барои ба исқоти ҳамл моил кардани занони ҳомила ҷарима таъин шудааст.
Бо ин роҳ мақомот дар Русия умедвор ҳастанд, ки барои пешгирӣ аз камшавии таваллуд мусоидат мекунанд.