Ҳазорон гурҷистонӣ талаб доранд натиҷаҳои интихобот бекор шавад

Шаҳри Тифлис, Гурҷистон

Ҳазорон нафар шоми 4-уми ноябр дар шаҳри Тифлис, пойтахти Гурҷистон ҷамъ шуда, талаб карданд, ки дар кишвар интихоботи нави порлумонӣ баргузор шавад. Эътирозгарон шаби дуюм аст, ки ҷамъ мешаванд.

Интихобот рӯзи 26-уми октябр гузашт. "Орзуи гурҷӣ", ҳизби ҳокими тарафдори Русия, пирӯз эълон шуд, вале президент Саломе Зурабишвили ва намояндагони мухолифон интихоботро олуда ба тақаллуб хонда, натиҷаҳоро напазируфтанд.

Шоми 4-уми ноябр эътирозгарон дар назди Хонаи адлия ҷамъ шуда, бо парчамҳои Гурҷистон ва Иттиҳоди Аврупо то майдони Марҷонишвилӣ рафтанд. Дар миёни онҳо Грета Тунберг, фаъоли ҳифзи муҳити зисти Шветсия ҳам буд.

"Ман ин ҷо барои ҳимоят аз мубориза барои демократия ва озодии мардуми Гурҷистон омадаам. Ин мардум дубора ба муқобили саркӯби ҳукумат садо баланд кардаанд,"-гуфт Тунберг.

Роҳбарони аҳзоби мухолиф даъват доранд, ки то бекор шудани натиҷаҳои интихобот ва таини овоздиҳии нав, чунин эътирозҳо давом кунад.