Телевизиони Евронюс ҳам тасдиқ кардааст, ки мушаки "замин ба ҳаво"-и низоми зиддиҳавоии Русия сабаби ба садама дучор шудани ҳавопаймои ширкати озарӣ шуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса, ки 25-уми декабр рух дод, 38 нафар ба ҳалокат расиданд.
Хабаргузории “Ройтерс” гузориш додааст, ки мақомот нахуст нафаҳмиданд, ки чаро ҳавопаймое, ки аз Боку ба Грозний бояд парвоз мекард, маҷбур шуд хати парвозро дигар карда, садҳо километр дуртар аз ҷойи таъиншуда дар Қазоқистон фуруд ояд. Ҳавопаймои мусофирбари Embraer баъд аз онки натавонист дар фурудгоҳи Грознийи Чеченистон фуруд ояд, осмони Русияро тарк кард.
Расонаҳои русӣ аз қавли Ҳамзат Қодиров, котиби Шӯрои амнияти Русия ва хоҳарзодаи Рамзан Қодиров навиштаанд, дар лаҳзаи фуруди ҳавопаймои озарӣ, бесарнишин ё дронҳо ба ин ҷумҳурии Русия ҳамла мекарданд. Ин иттилоъро телеграм-канали чечении NIYSO низ тасдиқ кардааст.
Фарзияи расмии суқути ҳавопаймо феълан маълум нест ва таҳқиқ идома дорад. Мақомоти Озарбойҷон ва Қазоқистон дар бораи сабабҳои садама расман суҳбат накардаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Дар бораи ду тоҷике, ки дар ҳавопаймои Озарбойҷон буданд, чӣ медонем?26 декабр – Рӯзи мотами миллӣ дар ОзарбойҷонҲавопаймое, ки аз Боку ба Грозний мерафт, дар Қазоқистон афтод