Неруҳои ҳавоии Украина хабар дод, ки ҳавопаймои F-16-и ин кишвар суқут кардааст. Ҳодиса 12-уми апрел рух дода, халабон Павел Иванов ҷон бохтааст.
"Як комиссия ҳама паҳлуҳои фоҷиаро меомӯзад,"-омадааст дар хабари неруҳои ҳавоии Украина.
Бахши украинии Би-би-си шоми 12-уми апрел бо такя ба манобеаш хабар дод, ки ҳавопаймои F-16 ба эҳтимоли зиёд бо мушаки русӣ сарнагун шудааст.
Президент Владимир Зеленский ба пайвандони халабони ҳалокшуда ҳамдардӣ карда гуфтааст, чигуна рух додани ҳодиса бояд аниқ шавад. Бо фармони Зеленский, ба халабон Павел Иванов баъди маргаш унвони қаҳрамони Украина доданд.
Ин дуюмин бор аст, ки ҳавопаймои F-16 дар Украина сарнагун мешавад. Пеш аз ин моҳи августи соли 2024 бори аввал F-16 суқут карда, халабон Алексей Мес ҳалок шуда буд. Он вақт артиши Украина хабар дода буд, ки ҳавопаймо дар пайи партоби мушаки русӣ сарнагун шудааст.
Украина тобистони соли гузашта аз кишварҳои ғарбӣ чанд адад ҳавопаймои F-16 дарёфт карда буд. Теъдоди ин намуд ҳавопаймоҳо махфӣ аст, аммо шумораи онҳо аз 10 то 20 адад тахмин зада мешавад.