Раҳматулло Ҳасанов, писари дигари муқими Олмони ин хонавода гуфт, ҳамроҳ бо падари 85-солааш Сафармад Ҳасанов ҳашт бародару хоҳараш як шабонарӯз дар боздошт буданд. Ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, хонаводаи Ҳасановҳоро ба шарти “накушодани қабри Суҳроб Ҳасанов” озод кардаанд. Мақомот дар Тоҷикистон хабаре дар бораи ин боздошт дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин нашр накардаанд.
Вале 3 феврал дар изҳороте Раёсати иҷрои ҷазои вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, гурӯҳе аз зиндониён дар маҳбаси Ваҳдат бо қасди фирор ба маъмурони зиндон ҳамла кардаанд ва се тан аз онҳо кушта шудаанд. Манобеи дигар шумори маҳбусони кушташударо то 7 нафар хабар доданд ва Сӯҳроб Ҳасанов яке аз онҳо мебошад.
Раҳматулло Ҳасанов дар як мусоҳибааш бо Радиои Озодӣ баъди ин ҳодиса гуфт, ба падар ва дигар аъзои хонавода иҷоза надоданд ҷасади Сӯҳроб Ҳасановро бубинад ва худашон онро ба хок супурданд. Рӯзи 7 феврал Раҳматулло гуфт, аз сардори шӯъбаи корҳои дохилии ҷамоати Саричашмаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин дар як тамоси телефонӣ хостааст, сабаби боздошти падар ва дигар наздиконашро шарҳ диҳад, ӯ гуфтааст, “Чаро дар бораи марги бародарат дар маҳбас ба расонаҳо хабар додӣ?”.
Санҷидани дурустии ҷузъиёти ин ҳодиса феълан имкон надорад, вале дар гузашта, дар чандин ҳолат фаъолони сиёсӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон аз боздоштҳои хусаронаву фишор ба наздиконашон бо ҳадафи пешгирӣ аз нашри хабарҳо дар бораи вазъи азизонашон дар Тоҷикистон хабар додаанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ду маҳбуси кушташудаи зиндони Ваҳдат бе ҳузури наздикон дафн шудаанд"Чизеро пинҳон мекунанд." Норӯшанҳои ҳодисаи хунин дар зиндони ВаҳдатҶузъиёти бештари ошӯб дар зиндони шаҳри ВаҳдатЧаро аз ошӯб дар зиндон кам мегӯянд?