Саидалиро латту кӯб кардаанд ё аз мошин паридааст?

Додгоҳи гарнизони ҳарбии Хуҷанд

Додгоҳ барои рӯшан кардани он ки оё Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми даъвати тирамоҳии артиш латту кӯб шудааст ва ё худро аз мошин ба берун партофта, ҷароҳат бардоштааст, ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ таъин кард.

Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Хуҷанд барои дақиқ кардани он ки оё Саидалӣ Ҳақбердиев – сокини 24-солаи шаҳри Панҷакент, воқеан, ҳангоми "облава" латту кӯб шудааст ваё аз мошин парида ҷароҳат бардоштааст, ташхиси тиббӣ ва додгоҳӣ таъин кард.

Урунбек Тошев - афсари собиқи комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент, ки ҳоло барои "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" муттаҳам мешавад, дар мурофиа фақат ҷалби иҷбории Саидалӣ Ҳақбердиев ба хидматро тасдиқ карда, вале латту кӯбашро рад намудааст. Худи Саидалӣ Ҳақбердиев ба додрас гуфтааст, афсари собиқи комиссариати ҳарбӣ ӯро дар роҳ то маркази ноҳия шадидан латту кӯб кард.

Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи Саидалӣ ва ҳуқуқшиноси “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Мо рӯзи 3 март аз додрас дархост кардем, ки ташхиси додгоҳиву тиббии криминалӣ таъин кунад ва ҳақ будани кадоме аз ин 2 фарзияро муайян намояд. Ин пешниҳоди моро додгоҳ пазируфт.”

Сокини деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент Саидалӣ Ҳақбердиевро 4 ноябри соли 2014 кормандони комиссариати ҳарбии ноҳия бо роҳи “облава" дастгир карда, хостаанд ба артиш баранд. Вале ба гуфтаи наздиконаш, Саидалӣ ба амалкардҳои афсарон эътироз мекунад ва ӯро дар роҳ то маркази ноҳия ба ҳадде мезананд, ки пардаи гӯшаш медарад ва аз ҳуш рафта, баъд аз ду рӯз дар беморхона ба худ меояд. Парванда бар асоси даъвои наздикони Саидалӣ боз шуда, як корманди собиқи дигари комиссариати ҳарбии Панҷакент низ ба додгоҳ кашида шудааст.

Саидалӣ Ҳақбердиев соли 2014 Донишгоҳи Хуҷандро хатм карда, ба деҳааш барои кор баргаштааст. Пизишкон ҳам гуфтаанд, ки Саидалии беҳушро бо занбар ба шифохона оварданд ва пардаи гӯшаш дарида буд. Дилшод Ҷӯраев вакили дифои Ҳақбердиев меафзояд:

“Вале дар додгоҳ Урунбек Тошев мегӯяд, Ҳақбердиевро латту кӯб накардааст, балки вай дар роҳ худро аз автомобили “Опел” берун партофта, ҷароҳат бардоштааст. Ин ташхиси нав барои муайян кардани чӣ тавр ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани зерҳимояам зарур аст.”

Ҳоло додгоҳи гарнизони ҳарбии Хуҷанд идомаи баррасии ин парвандаро то поёни ташхиси додгоҳиву тиббии криминалӣ ба таъхир гузоштааст.

Даъват ба сафи артиши Тоҷикистон баҳор ва тирамоҳ сурат мегирад ва ҷавонони аз 18 то 27-соларо ба хидмати ҳарбӣ даъват мекунанд. Ва гоҳе падару модарон аз даъвати бо роҳи иҷбории фарзандашон ба сафи артиш ва бадрафторӣ бо онҳо замони даъват садо баланд мекунанд.

Дар соли гузаштаи 2014 додситони ҳарбии Суғд 4 парванда алайҳи кормандони комиссариатҳои ҳарбии минтақа барои “ҷалби иҷборӣ”-и даъватшавандагон ба хидмати ҳарбӣ ва бадрафторӣ бо онҳо ва волидайнашон боз кардааст.

Моҳи январи соли равон додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд баррасии яке аз чунин парвандаҳоро ба анҷом расонида, Мӯҳсин Қурбонқулов, собиқ комиссари ҳарбии ноҳияи Панҷакент ва 3 корманди собиқи ин комиссариатро барои "бо роҳи ғайриқонунӣ" аз хидмати ҳарбӣ озод кардани ҳудуди 200 ҷавон” то шашуним сол ба зиндон фиристода буд.