Ҳаммуассиси Wildberries дар Русия бо гумони куштор дастгир шуд

Владислав Бакалчук

Ҳаммуассиси фурӯшгоҳи азими онлайнии Wildberries дар Русия Владислав Бакалчук дар робита ба тирпаронӣ дар Маскав, ки ду кушта бар ҷой гузошт, дастгир шудааст.

Вакилони дифои ӯ ба расонаҳо гуфтаанд, Бакалчук дар "куштор, сӯиқасд ба ҷони маъмурони ҳифзи ҳуқуқ ва худсарӣ" муттаҳам мешавад.

Тирпаронӣ 18-уми сентябр дар назди коргоҳи фурӯшгоҳ дар маркази шаҳри Маскав рух додааст. Дар натиҷаи он 2 нафар кушта ва 7 кас, аз ҷумла ду маъмури пулис, захмӣ шуданд

Сухангӯйи Wildberries гуфт, Владислав Бакалчук, шавҳари муассис ва раиси ширкат Татяна Бакалчук, ҳамроҳи чанд нафар талош карданд, “ғайриқонунӣ вориди бино шаванд”.

Владислав Бакалчук тирандозиро “иғвоангезӣ” номид ва гуфта буд, ба дафтар барои музокира дар масъалаи қатъи сохтмони нави анборҳо рафт.

Ҳодиса дар ҳоле рух додааст, ки раиси Wildberries, Татяна Бакалчук, дар марҳилаи ҷудошавӣ аз ҳамсараш қарор дорад. Эҳтимол як сабаби сар задани муноқиша ба тақсими амвол байни зану шавҳар марбут аст.