Як навраси 14-сола дар ғарби Босния ва Ҳерзоговина бо зарби корд як афсари пулисро кушта, маъмури дигарро захмӣ кардааст.
Ҳодиса шоми 24-уми октябр дар шаҳри Босанска Крупа иттифоқ уфтод. Ин шаҳр тақрибан чордаҳ ҳазор аҳолӣ дорад.
Вазорати корҳои дохилии Босния ва Ҳерзоговина онро "амали террористӣ" номид.
Ба гуфтаи мақомот, афсари захмӣ дар бемористон бистарист ва ҳолаш муътадил арзёбӣ шудааст.