Ҳамлаи Украина ба анбори нигаҳдории ҳавопаймоҳои бесарнишини Русия

Украина мегӯяд, ки нерӯҳояш анбори садҳо ҳавопаймои бесарнишинро дар минтақаи Краснодар дар ҷануби Русия нобуд кардаанд.

Ситоди нерӯҳои мусаллаҳи Украина рӯзи 9-уми октябр эълон кард, ки дар ин анбор ҳудуди 400 ҳавопаймои бесарнишини "Шоҳид" нигаҳдорӣ мешуд.

Дар баёнияи Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Украина омадааст, ки ин ҳамла аз сӯи нерӯҳои баҳрӣ ва амниятӣ ба сурати муштарак дар шимоли Краснодар анҷом шуд.

Расонаҳои Русия то кунун дар мавриди ин ҳамла чизе нагуфтаанд.