Ҳамлаи паҳподҳо ба корхонаи нафти Волгоград

Шаби 31 январ паҳподҳои украинӣ як маҳаллаи саноатӣ дар шаҳри Волгогради Русияро ҳадаф қарор доданд, ки дар ҳудуди он корхонаи коркарди нафти ширкати ЛУКОЙЛ, истгоҳи барқи бухорӣ ва дигар корхонаҳои саноатӣ ҷойгир мебошанд.

Дар бораи таркишу сӯхтор дар канораҳои шаҳри Волгоград давоми шаб сокинони маҳаллӣ хабарҳо чоп кардаанд.

Субҳ волии Волгоград Андрей Бочаров ҳамлаи паҳподҳоро ба ин муассисаҳо тасдиқ кард, вале мисли гузаштаҳо гуфт, ки ба ҳудуди корхона фақат пораҳои паҳподҳои нобудшуда афтоданд. Раиси вилоят гуфт, сӯхтори баамаломадаро зуд хомӯш карданд ва як нафари ҷароҳатбардошта ба беморхона интиқол дода шудааст.

Дар гузашта ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ҳадди аққал дар се ҳолат талош карданд корхонаҳои коркарди нафти ширкати "ЛУКОЙЛ Волгограднефтепереработка"-ро ҳадаф қарор диҳанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Ҳамлаи Русия сабаби марги 6 кас дар Сумии Украина шудЭҳтимоли он ҳаст, ки Трамп бо Путин созиш баста, Украинаро маъюс кунад?