Ҳамлаи густурдаи Амрико ба шӯришиёни ҳусӣ дар Яман

Санъо, Яман. 16-уми марти 2025

Санъо, Яман. 16-уми марти 2025

Иёлоти Муттаҳида алайҳи шӯришиёни ҳусии зери ҳимояти Эрон дар Яман ҳамлаи густардаеро анҷом дода, ҳамзамон ба Теҳрон гӯшзад кард, ки пуштибониро аз ин гурӯҳ фавран бас кунад. Амрико шӯришиёни ҳусиро як гурӯҳи террористӣ медонад.

Ҳамла рӯзи 15-уми март сурат гирифт. Қабл аз он Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, ҳушдор дода буд, ки агар ҳусиҳо ҳамларо ба киштиҳои Иёлоти Муттаҳида ва мушакпарониро ба хоки Исроил хотима надиҳанд, дӯзах бар сарашон чаппа хоҳад шуд.

Трамп ҳамчунин ба Эрон ҳушдор дод, ки агар ба ҳимоят аз ҳусиҳо поён надиҳад, Амрико Теҳронро комилан ҷавобгар медонад ва ҳеч нармише нисбат ба он нишон нахоҳад дод.

Президенти Амрико дар шабакаи иҷтимоии Truth ҳусиёнро “авбош” номид, ки “аз ҷониби Эрон сармоягузорӣ мешаванд” ва “корзори беамони дуздии дарёӣ, хушунат ва терроризмро алайҳи Амрико ва дигарон ба роҳ мондаанд”.

Шӯришиёни ҳусӣ тайи 18 моҳи гузашта ба киштиҳо даҳҳо бор ҳамла карда, иддао доранд, ки дар ҷанги Исроил бо “Ҳамос” (аз сӯи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ дониста шудааст) дар Ғазза аз дувумӣ ҳимоят мекунанд.

Ба назар мерасад, ҳамлаҳо дар Яман амалиёти бузургтарини низомии Амрико дар Ховари Миёна баъди ба қудрат расидани Доналд Трамп дар моҳи январи имсол аст.

Хабаргузории “Reuters” аз қавли сокини маҳаллӣ Абдуллоҳ Яҳё навишт, ки “таркишҳо шадид буданд ва маҳалларо мисли заминларза такон доданд.”

Мақомҳои ҳусӣ гуфтаанд, ки ҳадди ақал 12 ғайринизомӣ кушта ва 9 ғайринизомӣ захмӣ шуд, аммо ин иддаоро ба таври мустақилона тасдиқ кардан имконпазир нест.