2 кушта ва чанд захмӣ дар ҳамлаҳои Русия ба Донетску Херсон

Херсон. Акс аз бойгонӣ

Бар асари ҳамлаҳои Русия дар вилоятҳои Донетск ва Херсони Украина рӯзи 25-уми октябр ду кас кушта ва чанд нафари дигар захмӣ шудаанд.

Вадим Филашкин, волии Донетск, гуфт, ки нерӯҳои Русия ба почта ҳамла карда, ду нафарро куштанд ва як нафари дигарро захмӣ карданд.

"Русҳо ин бор низ ба як идораи ғайринизомӣ ҳамла карданд," – афзуд ӯ.

Тирборони Русия дар вилояти ҷанубии Херсон боис ба захмӣ шудани панҷ сокини осоишта гаштааст.

Волии Херсон Александр Прокудин дар Телеграм навишт, "артиши Русия зербиноҳои муҳим, аз ҷумла маҳаллаҳои истиқоматиро ҳадаф қарор дод."