Дар ИМА тафтиши ҳодисаи бархӯрди чархболи ҳарбӣ ва ҳавопаймои мусофирбаре идома дорад, ки дар натиҷаи он 67 нафар, аз ҷумла чанд варзишгари маъруфи зодаи Русия ҷон додаанд.
Рӯзи 30 январ мақомот аз пайдо кардани қуттиҳои сиёҳи дохили ҳавопаймо хабар доданд, ки метавонад ҷузъиёти рӯй додани фоҷеаи шаби 29 январро ошкор кунад.
Дар робита бо ин фоҷеа бисёр раҳбарони давлатҳои хориҷӣ ба президенти Амрико Доналд Трамп изҳори ҳамдардӣ кардаанд.
Аз ҷумла, рӯзи 31 январ раиси ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар барқияе ба номи Трамп навишт, ки хабари «талафоти зиёди ҷонӣ бар асари садама ва суқути ҳавопаймои мусофирбар ва чархболи низомӣ дар фазои Вашингтон боиси андӯҳи амиқ» аст.
Раҳмон ба пайвандону наздикони фавтидагон изҳори ҳамдардӣ кардааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳама 67 сарнишини ҳавопаймои "American Airlines" ва чархболи артиш ҷон бохтаандБархӯрди ҳавопаймо бо чархбол дар ВашингтонЯк ҳавопаймо бо 64 мусофир дар наздикии Вашингтон суқут кард