Баргардондани гаравгонҳо
Вашингтон ҳампаймони асосии Исроил аст. Кишваре, ки беш аз як сол боз дар Ғазза амалиёти низомӣ ба роҳ мондааст. Раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар суҳбат бо Исҳоқ Ҳерзог, президенти Исроил, пуштибониашро аз ин кишвар бори дигар баён дошт.
Ӯ гуфт: “Паймони ман бо Исроил устувор аст. Мо бо ҳам дӯстии амиқ дорем ва мехоҳам бори дигар аз будани шумо дар ин ҷо сипос гӯям.”
Исҳоқ Ҳерзог, раисҷумҳури Исроил, гуфт, пеш аз ҳама бояд гаравгонҳо аз дасти нерӯҳои “Ҳамос”, ки Амрикову Иттиҳоди Аврупо террористӣ медонанд, раҳо карда шаванд. Ӯ вазъияти феълиро ба Эрон рабт дод.
“Ҳамааш аз Теҳрон сарчашма мегирад. Ҳамааш аз империяи бадӣ сар мешавад. Теҳрон бо гурӯҳҳои ниёбатии худ ҳар кори аз дасташон меомадаро мекунанд, то суботу амният ва сулҳро аз байн баранд. Онҳо ба нобудии давлати Исроил даъват мекунанд ва ба дунболи силоҳи ҳастаӣ ҳастанд," – изҳор дошт раисҷумҳури Исроил.
Гузориши видеоиро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Исҳоқ Ҳерзог дертар гуфт, ки мулоқоташ бо Байден “ошкору содиқона” буд. Вай як рӯз пеш аз ин, дар гирдиҳамоии созмонҳои яҳудӣ дар Вашингтон, пирӯзиро дар интихобот ба президенти мунтахаб Доналд Трамп табрик карда, ӯро “муҳофизи сулҳ” ва “дӯсти бузурги Исроил” номид. Трамп рӯзҳои охир чанд дафъа бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гап задааст.
Президенти Исроил гуфт: “Мо дар бораи ҳарчи зудтар баргардондани гаравгонҳо ба ватан суҳбат кардем. Президент Трамп бори дигар муҳаббаташро ба Исроил баён дошт. Ман барои дӯстӣ ба ӯ сипос гуфтам ва комёбӣ орзу кардам.”
Ба ёриҳои башардӯстона чӣ шуд?
Департаменти давлатӣ ё Вазорати корҳои хориҷии Амрико рӯзи сешанбе гуфт, ки Исроил барои расондани ёриҳои башардӯстона ба Ғазза баъзе гузаштҳо кардааст ва Вашингтон аз таҳдидаш мегузарад ва интиқоли силоҳро маҳдуд нахоҳад кард.
Ведант Пател, сухангӯйи Департаменти давлатӣ, гуфт: “Дидем, ки баъзе аз пешрафтҳо ҳосил шудааст. Мехоҳем, ки тағйироти дигар ҳам ба амал ояд. Бовар дорем, ки агар дахолати Амрико намебуд, ин дигаргунӣ ҳеч гоҳ намешуд.”
Ниҳодҳои мададрасон мегӯянд, ки вазъ бисёр ташвишовар аст. Рафаэл Коэн, сиёсатшиноси аршади “Rand Corporation”, чанде пеш аз сарҳади Исроилу Ғазза баргашт. Ӯ дар суҳбат бо “Садои Амрико” гуфтааст, дар гузаргоҳи асосӣ бастаҳои зиёди кумакҳоро дид.
“Трамп ба таври возеҳ гуфтааст, ки мехоҳад то оғози амалии кораш ҷанг поён ёбад. Ин паёмест, ки вай гуё ба сарвазир Нетаняҳу расондааст. Дар айни замон, ба фикри ман, президент Трамп нисбат ба президент Байден ба гирифтани мавқеи пархошгарона бахусус дар муқобили Эрон майли бештар дорад,” – гуфт Рафаэл Коэн аз Rand Corporation.
Эрон аз пуштибонҳои гурӯҳи тундрави “Ҳамос” дар Ғазза ва “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон аст. Исроил дар моҳҳои охир бо ҳамлаҳои бештар ба Лубнон нигарониҳоро аз ҷанги густарда дар минтақа афзун кардааст.