Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 11-уми ноябр дар Арабистони Саудӣ гуфт, "Тоҷикистон аз таъсиси Давлати Фаластин бо пойтахти он дар Байтулмуқаддаси Шарқӣ дар марзҳои соли 1967 ҷонибдорӣ мекунад."
Нишасти муштарак ва изтирории арабиву исломӣ бо ширкати раҳбарони чанде аз кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистону Узбекистон, Туркия, Қирғизистон, Миср, Сурия ва Ташкилоти худгардони Фаластин дар шаҳри Риёз баргузор шуд.
Вазорати корҳои хориҷии Арабистони Саудӣ дар эъломияе гуфт, ки ҳамлаҳои Исроил ба Фаластину Лубнон ва таҳдидҳо ба суботи минтақа аз мавзӯи асосии суҳбатҳост. Ин ҳамлаҳо беш аз як сол боз идома доранд. Исроил далелашро маҳви гурӯҳҳои ҷангҷӯ номидааст.
Соле пеш низ дар Арабистони Саудӣ ҳамин гуна нишаст баргузор шуда, пуштибонии Эмомалӣ Раҳмон аз ташкили давлати Фаластин садо дод буд. Ӯ рӯзи душанбе гуфт, "шиддат гирифтани задухӯрдҳои мусаллаҳона ва тамоюли тавсеаи майдони онҳо, инчунин, печидатар шудани буҳрони башарӣ дар минтақа (Ховари Миёна) боис ба нигаронии амиқи мо гардидааст."
Эмомалӣ Раҳмон аз тарафҳои даргир хост, ки ҳамаи ихтилофҳоро бо гуфтушунид ва бо такя ба усулу меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байнулмилалӣ, бавижа Оинномаи Созмони Милал ҳал кунанд.
"Пайомадҳои фоҷиабори амалиёти ҳарбӣ дар Навори Ғазза ва Лубнон минтақаро дар рӯ ба рӯйи буҳрони бесобиқаи гуманитарӣ қарор додаанд. Бо дар назардошти ин ҳолат, мо қарори порлумони Исроилро дар бораи манъи фаъолияти Агентии СММ барои имдодрасонӣ ва корёбӣ ба оворагони фаластиниро нақзи ошкорои ҳуқуқи байнулмилалӣ меҳисобем," – афзуд ӯ.
Артиши Исроил дар моҳи феврали имсол эълон кард, ки дар зери қароргоҳи Оҷонси СММ дар умури кумак ба оворагони фаластинӣ дар Ғазза нақби гурӯҳи тундрави "Ҳамос"-ро ошкор кард. Оҷонси СММ (UNRWA) гуфт, аз вуҷуди нақб хабар надошт.
Ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза зиёда аз як сол боз идома дорад. Баъд аз он ки гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" (Амрико ва Аврупо онро созмони террористӣ медонанд) рӯзи 7-уми октябри соли гузашта дар ҳамлае ба Исроил 1200 нафарро кушт ва ҳудуди 240 танро гаравгон гирифт. Дар ҳамлаҳои Исроил дар бештар аз як соли ҷанг тақрибан ҳама зерсохтҳои Ғазза комилан аз байн рафта, зиёда аз 43 ҳазор фаластинӣ кушта шудааст.
Ҳамзамон бо ин ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво ба пойгоҳҳои "Ҳизбуллоҳ"-и зери ҳимояти Эрон дар Лубнон идома дорад. Амрико "Ҳизбуллоҳ"-ро, ки ҳам ҳизби сиёсиву ҳам гурӯҳи ҷангҷӯст, созмони террористӣ медонад. Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи ҳарбии онро ба рӯйхати сиёҳ дохил кардааст.