Ҳалокати 17 нафар дар ҳамлаи афроди мусаллаҳ дар Покистон

Дар натиҷаи ҳамлаҳои афроди мусаллаҳ ба корвони мусофирон дар минтақаи Хуррам воқеъ дар вилояти Хайбар-Пахтунхоҳи Покисон, шуморе кушта ва теъдоде ҳам захмӣ шудаанд.

Як мақоми маҳаллӣ дар ин минтақа, ки нахост номаш фош шавад, ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи шанбе афроди мусаллаҳ ба сӯи се нафар, ки роҳгузар буданд, тирандозӣ карданд. Ин се тан дар ин ҳодиса захмӣ шуданд.

Ба гуфтаи ин мақом, як гуруҳ аз афроди мусаллаҳ дар ҳамин минтақа ба як корвони мусофирон ҳамла карданд, ки дар натиҷа 17 нафар кушта шуданд.

Ин мақом афзуд, ки ба назар мерасад ҳамлаи дувум дар вокуниш ба ҳамлаи аввал рух додааст. Мақомоти тандурустӣ дар ин маҳал ба Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шуморе аз захмиҳо дар бемористон ҷон бохтанд.

Гуфта мешавад, ки занон ва кудакон низ дар миёни кушташудаҳо ва захмиён ҳастанд. Пас аз ин ҳодиса, пайравони мазҳаби аҳли суннат ва ҷамоат се руз мотами умумӣ эълон карданд ва бозори шаҳраки Садаро низ бастанд.

Раҳбарони тоифаи шиа ин ҳамларо маҳкум кардаанд.

Ҳарчанд сабаби аслии ин ҳамлаҳои маълум нест, аммо дар гузашта дар даргириҳо бар сари заминҳо миёни шиаҳо ва сунниҳо даҳҳо нафар кушта ва захмӣ шуда буданд.