37 дарсади ҷамъияти Тоҷикистон ба воқеияти иттилое, ки аз васоити ахбори умум дарёфт мекунанд, шубҳа дорад. Ин натиҷаи пажӯҳиши Маркази таҳқиқи афкори умум бо номи “М-Vector” аст, ки миёни ҳудуди 1800 сокини манотиқи мухталифи Тоҷикистон анҷом шудааст.
Ин пурсиш нишон додааст, ки вобаста ба синну сол мизони эътимоди мардум ба хабарҳо тағйир меёбад. Ба қавли пажӯҳишгарон, камэътимодӣ, аксаран дар миёни насли ҷавон мушоҳида шуда, бовари афроди бузургсол, баръакс ба манбаъҳои иттилоърасон бештар будааст.
Бар пояи ин назарсанҷӣ, 57 дарсади ҷавонони зери синни 24 , ки ба пурсиш фаро гирифта шудаанд, ба дурустии иттилои васоити ахобори умум шакк доранд. Ин ҳам дар ҳолест ки 74 дарсади афроди синнашон аз 65 ба боло хабарҳои дарёфтиро аз радиову телевизон ва нашрияҳо қобили эътимод донистаанд.
Ин пажӯҳиш дар Тоҷикистон дар ҳоле мизони камэътимодии ҷавононро ба васоити ахбори умум рақам зад, ки Сиёвуш, ҷавони 23-солаи тоҷик мегӯяд, ”аз нигоҳи ман ин 37 дар сади ҷавонон аслан онҳое ҳастанд, ки худ қобилият ва дарки таҳлили масаъалаҳоро надоранд. Зеро ҳар масъалае, ки имрӯз дар васоити ахбори омма баррасӣ мешавад, характери субъективӣ надоранд ва аз ҷониби рӯзноманигорони пуртаҷриба аксаран дар асоси манбаъҳои мӯътамад омода мешаванд.”
Аммо ба фарқ аз Сиёвуш, таҳлилгарони тоҷик мегӯянд, натиҷаҳои ин назарпурсиро мешавад, қабул кард. Онҳо боварии афроди бузургсолро ба хабарҳои васоити ахбори умум ба таффакури бозмондаашон аз даврони Шуравӣ рабт медиҳад, ки то ҳанӯз ба рисолати бузурги матбуот ва рӯзноманигор эътимод доранд.
Аз ҷумла Назири Нусрат, сармуҳаррири рӯзномаи “Имрӯзнюс” мегӯяд, ҳоло ҷавонон бо дастрасӣ ба манбаҳои алтернативии итилоърасон, ба хусус Интернет, ба осонӣ метавонанд ”мӯй”-ро аз «хамир» ҷудо намоянд.
Назири Нусрат афзуд, ”масалан баҳси ахири шаҳрдорӣ бо кумитаи телевизион як чизро рӯшан кард, ки ҷониби манфиатдор дар ҳама ҳолат метавонад вобаста ба манфиатҳои худ, дилхоҳ хабарро омода ва пешкаш кунад. Ман ҳамчун тамошобин бо дидани аввалин хабар пай бурдам, ки ҳадаф интиқоди шаҳрдорӣ аст. Яъне нохолисии рӯзноманигор боиси он шуд, ки ман ин хабарро қабул карда натавонистам. Аз тарафи дигар рушди Интернет ва вуҷуди шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҷавонон манбаҳои алтернативии хабарро фароҳам овардаанд ва дигар ба заковати онҳо вобаста аст, ки ба кӣ бовар кунанд.”
Дар ин миён хабарнигори тоҷик Ҷонибеки Асрориён камбуди эътимоди ҷавонон ба саҳҳеҳияти ахбореро, ки аз радиову телевизион ва нашрияҳо мегиранд, ба баланд гардидани сатҳи огоҳии ин қишр рабт медиҳад. Ӯ гуфт, “ин шабу рӯз як омили асосие, ки метавонад ба нобоварии онҳо боис шавад, худи мавҷудияти ҷангҳои иттилоотӣ дар дунё ҳастанд. Ҳоло ҷавонон аз тариқи интернет ҳам аз вазъияти Русия бохабаранд, ҳам аз Украина ва ҳам аз ҷаҳон. Мебинед, ки як муқовимате миёни инҳо пайдо шудааст. Аврупо як нуқтаи назар дорад, Амрико назари дигар ва Русия тамоман ҳарфи дигарро мегӯяд. Дар масъалаи Сурия ҳам ҷавонон ҳам аз шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот мегиранд ва ҳам аз расонаҳои дохиливу хориҷӣ. Чун аз ҳар тараф маълумот мегиранд, намедонанд, ба кадомаш бовар кунанд.”
Дар зимн, ҳамин пажӯҳиши Маркази таҳқиқи афкори умум бо номи “М-Vector” нишон додааст, ки то ҳанӯз дар Тоҷикистон телевизион муҳимтарин васоити ахбори умум боқӣ мемонад. Ба навиштаи пажӯҳишгарон, 87 дарсади мардум хабарро аз телевизион мегиранд ва ҳамагӣ 29 дарсад аз интернет истифода мебаранд.
Ҳамчунин бар асоси ин назарсанҷӣ, танҳо 40 дарсади аҳолии Тоҷикистон нашрияҳои давриро варақ мезананд. Ин ҳам дар ҳоле, ки тибқи омори расмӣ, дар Тоҷикистон 330 нашрия мавҷуд аст, ки ба ҷузъ як рӯзномаи “Имрӯз нюс”, бақия ба сурати ҳафтаиву моҳона ва бархеаш ҳатто ҳамчун "гоҳнома" нашр мешаванд.