Ба иддаои мақомоти Русия, нерӯҳои ин кишвар дар ақиб задани ҳамлаи Украина ба вилояти Курск пешравӣ кардаанд.
Артиши Украина, баръакс, мегӯяд, аз ҳамлаи ҷавобии Русия пешгирӣ кард.
Генерал Апти Алоуддинов, фармондеҳи воҳиди вижаи Чеченистон ва як масъули Вазорати дифои Русия, рӯзи 19-уми сентябр гуфт, нерӯҳои Русия ду деҳаро дар вилояти Курск бозпас гирифтанд.
Сухангӯйи артиши Украина Олексий Дмитрашкивский ба хабаргузории "Франс Пресс" гуфтааст, "вазъ муътадил аст ва имрӯз ҳама чиз зери назорат. Онҳо комёб нашуданд."
Русия дар ҳафтаҳои охир иддао дорад, ки чанд деҳаро дар вилояти Курск, ки дар аввали моҳи августи имсол зери назорати нерӯҳои Украина даромада буданд, пас гирифтааст.
Украина пештар гуфта буд, ки тақрибан 1300 километри мураббаъро дар минтақаи Курск таҳти назорат даровард.