Як гуштигири тоҷик, ки барои иштирок дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар Сербистон омодагӣ медид, дар занозании гуруҳӣ дар Хуҷанд пас аз бозии футбол захмӣ шудааст. Намояндаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, Мубинҷон Аҳмадовро бо корд задаанд.
Ба иттилои расмӣ, ҳодиса шаби 6-уми декабр баъд аз бозии футбол дар Боғи Ғалабаи шаҳри Хуҷанд рух додааст, аммо тафсилоташ рӯзи 14-уми декабр дастрас шуд.
Мубинҷон Аҳмадов, ки баъд аз ҷарроҳӣ дар бемористон бистарист, рӯзи душанбе ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳангоми футбол бо яке аз бозигарон "гапамон гурехт". Узр пурсида, ба бозӣ идома додем. Баъд аз берун баромадан қариб бо 25 нафар якҷо шуда, ба ман ҳамла карданд ва яке аз онҳо бо корд зад. Шахсан кӣ бо корд зад, надидам."
Назари ҷониби дигари ҳодиса маълум нест. Мақомот ному насаби иштиркодорони қазияро бо сабаби халал нарасондан ба ҷараёни тафтишот ошкор намекунанд.
Пизишкон гуфтанд, корд ба шушу ҷигар ва атрофи гурдаи Мубинҷон Аҳмадов осеб расондааст. Аз ҷарроҳии ӯ як ҳафта мегузарад, аммо ҳанӯз роҳ гашта наметавонад.
Акбар Шарифов, сухангӯи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ба Радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба ҳодиса ба зидди ду нафар парванда кушоданд. Яке аз онҳо 15-сола ва дигаре 21-сола буда, расман ба "авбошӣ" ва "қасдан расондани зарари вазнин ба саломатӣ" муттаҳаманд.
Шарифов гуфт, навраси 15-соларо ба ҳабси пешакӣ гирифта, гумонбари дувумро бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист ҷавоб доданд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар ин занозанӣ Исроил Умаров, яке аз дӯстони Мубинҷон Аҳмадов низ маҷруҳ шудааст. Умаровро дар бемористон вохӯрдем. Ӯ мегӯяд, ҳамлварон ба синну сол аз онҳо хурд буданд ва онҳоро ғофилгир карданд. "Вақте ба рафиқам ҳамла карданд, барои муҳофизати ӯ рафтам. Ба ман низ ду корд заданд. Як корд ба пуштам ва дигараш ба паҳлуям расид", -- нақл кард вай.
ар ҳоле ки тарафи дигари қазия ба матбуот маълум нест ва мақомот низ феълан дар ин бора тафсилот намедиҳанд, модари Мубинҷон Аҳмадов мегӯяд, баъди ба пой хестани писараш барои додхоҳӣ ба мақомот муроҷиат хоҳад кард. Вай мегӯяд, яке аз гумонбарон раҳо гардидааст ва ба ин сабаб мумкин аст қазия дуруст баррасӣ нашавад. Аммо дар Раёсати умури дохилии Суғд гуфтанд, воқеаро мӯшикофона баррасӣ доранд.
Уғулой Ашрафова, модари Мубинҷон Аҳмадов гуфт, "аз рӯи шуниди ман, ҷавонеро, ки дар ин ҳодиса гумонбар аст, аввал боздошт карда, баъд раҳо намудаанд. Баъди сиҳат шудани фарзандам то мақомоти болоӣ шикоят мебарам, ки чаро гунаҳкори асосиро боздошт накардаанд."
Мубинҷон Аҳмадов гуштигири тарзи юнониву румӣ аст ва мебоист аз 12 то 17-уми декабр дар мусобиқаи ҷаҳонӣ дар шаҳри Белгради Сербистон иштирок мекард. Вай моҳи феврали имсол дар Ҳиндустон дар вазни 63 кило мақоми сеюмро гирифт. "Бояд дар сабқати ҷаҳонӣ дар Сербистон Тоҷикистонро муаррифӣ мекардам ва шояд бо ҷоиза бармегаштам, вале ин ҳодиса маро на танҳо аз ҷоиза маҳрум кард, балки шояд барои муддате аз пой афтонд", -- мегӯяд ӯ.
Дар Тоҷикистон ҳар сари чанд вақт дар бораи занозании гуруҳии ҷавонон хабарҳо нашр мешаванд. Қаблан дар чунин ҳодисаҳо дар Душанбе чанд кас ҷон бохта, баъзе аз ҳамлаварон боздошту зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла, моҳи августи имсол дар пайи занозании гуруҳе аз ҷавонон дар шаҳри Душанбе Баҳром Яъқубов, сокини 24-солаи пойтахт, ҷон бохт
Дар чунин ҳолат мақомот бештар ангушти иттиҳомро ба сӯи оилаҳо баланд мекунанд, ки дар тарбияи фарзандони худ беаҳамиятӣ кардаанд, вале волидон аз ҷомеаву омӯзгорон домангиранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Хунрезӣ дар зиндон. Муноқишаи байни маҳбусон ё раванде бо идома?Як захмӣ дар занозании хонандаҳои мактаб дар Душанбе"Қонуншиканӣ кунанд, ҳам касе ба онҳо намерасад" ВИДЕОҲукми "авбошҳо"-и Гипрозем эълон шудМодари Азизбек аз вазир хост, омилони марги писараш боздошт шаванд. ВИДЕОНашри акси муттаҳамон. Шеваи ислоҳи ҷомеа ё ангуштнамо кардани онҳо? САДОЗанозанӣ дар Душанбе. Як ҷавон ҳалок шуд, чанд ҷавони дигарро дастгир кардаанд. ВИДЕО