Ҷузъиёте, ки аз рӯйдоди шаби 19-ум ба 20-уми май дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат дастрас мешавад, ваҳшатангез аст. Хулосаи воқеа бино бар гузориши мақомоти Тоҷикистон, ошӯби маҳкумшудаҳои узвият дар гурӯҳи мамнӯи “Давлати исломӣ” зидди зиндонон аст, ки бо қатли се корманди зиндон, чеҳраҳои шинохтаи гурӯҳи дигари мамнӯъ -- ҲНИТ ва рӯҳонии сӯфимашраб ва дар марҳалаи охир ширкаткунандагони ошӯб поён ёфтааст.
Ин дуввумин ошӯби хунин дар зиндонҳои Тоҷикистон дар ним соли ахир аст. Раёсати олии ҳизби мамнуи Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар як изҳорот хабари расмии мақомотро, ки ба фарқ аз воқеаи Хуҷанд, сари вақт нашр шуд, зери суол бурд, ки ин оё муноқишаи миёни маҳбусон буд ё ҳодисаи мармузе бо ангезаҳои байнимазҳабӣ?
Дар зиндон чӣ гузашт?
Дар изҳороти расмии Вазорати адлияи Тоҷикистон сабаби сар задани “бетартибӣ” – кӯшиши фирор аз зиндон аз роҳи ташкили бетартибӣ дар ин муассиса гуфта шудааст.
Дар бораи он ки дар дохили зиндон дақиқан чӣ гузашт, феълан танҳо аз хабару гузоришҳои мақомоти расмӣ метавон огоҳ шуд, вале санҷидани дурустии ин маълумот тавассути манобеи мустақил имкон надорад.
Вале бархе мусоҳибони Радиои Озодӣ мегӯянд, шарҳи расмии мақомот ба вуҷуди ихтилофи ақидатӣ дар миёни зиндониҳои маҳбаси Ваҳдат ишора мекунанд, ки аз як ҷониб маҳкумшудаҳо барои тарафдорӣ ё узвият дар ДОИШ ва аз ҷониби дигар – мазҳабиҳои марбут гурӯҳ ва созмонҳои дигар, аз ҷумла ҲНИТ қарор доранд.
Ҷалолиддин Маҳмудов, узви собиқи ҲНИТ, ки соли ҷорӣ пас аз панҷ соли зиндон аз маҳбас раҳо шуд, гуфт, агар низоъро “доишиҳову салафиҳо ташкил карда бошанд, онҳо ҳам сӯфиҳо ва ҳам ҷонибдорони Эронро бад мебинанд”.
Маҳмудов афзуд, ки дар зиндон масъалаи таъмини амнияти муассиса ва пешгирӣ аз фирори зиндониҳо масъалаи калидӣ аст, аз ин рӯ, маъмурият ин ҷиҳати масъаларо шадидан назорат мекунад.
“Вале амнияти зиндониҳо таъмин нест. Кадомаш муташаккил аст, зидди заъифтарҳо ҳар коре, ки хостанд, раво мебинанд”, - гуфт Маҳмудов. Вай ба он ҳам ишора кард, ки дар зиндон дастрасӣ ба “корду оҳанпора мушкил нест.”
Як зиндонии собиқи дигар, ки имсол аз маҳбас раҳо шудааст, гуфт, ихтилоф миёни онҳое, ки бо ҷурми терроризму экстремизм зиндонӣ буданд, бо маҳбусони дигар вуҷуд дошт.
Ба гуфтаи ӯ, дар маҳбас онҳое, ки бо ҷурми террористиву экстремистӣ ҳукм доштанд, “ҳизбиҳо” ва дигаронро “ҳаётиҳо” меноманд. Ин маҳбуси собиқи зиндони мавсум ба “Якум советский”-и шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки шоҳиди ихтилофҳои хурде дар масоили динӣ миёни ин ду гурӯҳ шудааст, вале дар чанд соли зиндонӣ буданаш шоҳиди занозании калони гурӯҳӣ нагаштааст.
“Назорат аз болои ин ду гурӯҳ фарқ дошт. Ин маҳбусоне, ки мо “ҳизбиҳо” мегуфтем, зери назорати сахттар қарор доштанд. Дар ҳолати аз дохили онҳо камтар вайрон шудани тартиботи дохилӣ онҳо зуд ҷазо мегирифтанд. Умуман, нисбати “ҳизбиҳо” маъмурият муносибати хуб надошт”- гуфт ин зиндонии собиқ.
Фасоду шиканҷа ҳамчун ангеза
Муҳаққиқи масоили динӣ дар Тоҷикистон Фаридун Ҳодизода мегӯяд, ба ҳар далели пешниҳодшуда бо шубҳа менигарад ва ба ин аст, ки "ба эҳтимоли қавӣ решаи ҳодиса аз фасодкорӣ дар низоми зиндон об мехӯрад".
Ба ақидаи ӯ, фасод ва шиканҷа боис мешавад, ки маҳбуси дорои андешаи ифротӣ ба амалҳои хатарноктар даст занад. Аз ин рӯ, ба андешаи ӯ, решаи ҳамаи бетартибиҳо дар маҳбасро дар ин ду омил бояд ҷустуҷӯ кард.
“Ин амалиёт, албатта, аз берун тарҳрезӣ шудааст ва фасод дар миён аст. Агар чунин набошад, дар дасти маҳбус аз куҷо корд пайдо мешавад? Ин суоли бузург аст. Ду майорро куштан гапи кам нест,”- гуфт ӯ.
Зиндонҳои Тоҷикистон на танҳо ба рӯи Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, балки ба рӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз ҷумла хабарнигорону созмонҳои ҳомии ҳуқуқ пӯшида аст. Гоҳ-гоҳ дари онҳо боз мешаванд, вале маҳбусон ҳам зери назари мақомот бо хабарнигорон ва намояндагони созмонҳо имкони сӯҳбати озод надоранд.
Аз ин нуқтаи назар, Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик, мегӯяд, то замоне, ки дари муассисаҳо ба рӯи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалӣ боз нашаванд, ба хабарҳои мақомот дар бораи чунин ҳодисаҳо бо шубҳа нигоҳ мекунанд.
Ӯ афзуд: “Дар умум гуфтан мумкин нест, ки дар маҳбасҳои мо адолат ва тартиботи муқаррарнамудаи қонунгузорӣ риоя шавад. Чун назорати на танҳо давлат, балки мардумӣ ва шаҳрвандӣ заъиф аст. Аз ин рӯ, ангеза шарту шароит ва далелу заминаҳои ба вуҷуд омадани ин гуна ҳолатҳоро ба таври ҷиддӣ баррасӣ кунанд ва баҳои ҳуқуқӣ диҳанд. Бори аввал нест, ки чунин ҳодиса дар чанд соли ахир рух медиҳад. Новобаста ба он ки масъулони зиндонҳо иваз мешаванд, вале вазъ ислоҳ намешавад”.
Абдураҳими Саттор, писари Саттор Каримов, ки ба гуфтаи мақомот, аз ҷониби зиндониёни ошӯбгар кушта шуд, мегӯяд, падараш дар сӯҳбате аз баҳс бо пайравони гуруҳҳое дар дохили зиндон ёд карда буд.
Рустам Азизӣ, корманди Маркази исломшиносӣ мегӯяд, дар барномаи мубориза бо ифротгароӣ танҳо ба пешгирӣ ва муқовимат ишора шудааст ва дар бораи баргардонидан аз ин роҳ таъкиде нашудааст.
Вай афзуд: “Мушкилот ҳамин аст, ки барномаи ифротзудоӣ, яъне онҳоро аз андешаҳои ифротӣ берун кардан дар мо вуҷуд надорад. Аз ҳамин сабаб мо танҳо ё пешгирӣ мекунем ё муқовимат. Вақте дастгир мекунем, фақат як ҷо нигоҳ медорем ва барномае, ки онҳоро аз ин андешаҳо баргардонем, нест. Сари ин бояд кор кард,”- гуфт Рустам Азизӣ.
Фаридун Ҳодизода мегӯяд, беҳтар аст, маҳбусоне, ки бо гуноҳи терроризм зиндонӣ шудаанд, ҷудо аз дигар маҳбусони дигар нигаҳдорӣ шаванд.
"Таҳқиқи бетарафона зарур аст”
Вазорати адлияи Тоҷикистон дар изҳороти худ гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаро додситонии кулл шурӯъ кардааст. Диловар Файзализода, сухангӯи Додситонии кулли Тоҷикистон гуфт, сабабу омилҳои сар задани беназмӣ мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Вале ба андешаи бархе ҳомиёни ҳуқуқ, барои ҳамаҷониба ва мунсифона мушаххас кардани сабаби ҳодисаи шоми 19-уми май дар зиндони Ваҳдат “таҳқиқи бетарафонаи намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ зарур аст”.
Маҳмурод Одинаев созмони ҷамъиятии “Комиссияи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва мубориза бо шиканҷа”-ро раҳбарӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, бояд як комиссиюни бетарафи иборат за фаъолони ҷамъиятӣ ва ҳуқуқшиносон таъсис ёбад ва ба он иҷоза диҳанд, ки вориди маҳбас шуда, бо худи зиндониҳо сӯҳбат кунад.
Одинаев мӯътақид аст, ки таҳқиқу таҳлили объективӣ метавонад, сабабҳои аслии сар задани ихтилоф дар зиндонро мушаххас карда, барои роҳ надодан ба чунин ҳодисаҳо дар оянда мусоидат кунад. Ӯ гуфт, дар бораи ҳодисаҳои бадрафторӣ ва поймоли ҳуқуқи зиндониҳо “ҳама медонад”, вале ин вазъ бояд ислоҳ шавад.
Онҳое, ки чунин пешниҳодҳоро ба миён мегузоранд ва шаффофияти таҳқиқро талаб мекунанд, мегӯянд, ҳадаф пешгирӣ аз такрори фоҷиаҳост.