Гурӯҳи “Ҳамос” тасдиқ кард, ки Яҳё Синвор кушта шудааст

Мақомоти Исроил рӯзи 17-уми октябр хабар доданд, ки Яҳё Синвор дар Навори Ғазза кушта шуд

Гурӯҳи фаластинии “Ҳамос”, ки аз сӯйи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо созмони террористӣ эътироф шудааст, марги раҳбараш Яҳё Синвори 62-соларо тасдиқ кард.

Дар ин бора Халил ал-Ҳайё, муовини раҳбари “Ҳамос” ва музокиракунандаи аслии гурӯҳ, рӯзи 18-уми октябр изҳорот дод.

Мақомоти Исроил рӯзи 17-уми октябр хабар доданд, ки Яҳё Синвор дар Навори Ғазза кушта шуд. Исроил Катс, вазири корҳои хориҷии ин кишвар, марги Синворро "дастоварди низомӣ ва ахлоқӣ" барои артиши Исроил номид.

Гурӯҳи “Ҳизбуллоҳ” дар Лубнон дар вокуниш ба ин ҳодиса рӯзи 18-уми октябр аз “марҳилаи нав” дар ҷанг бо Исроил хабар дод.

Иёлоти Муттаҳида “Ҳизбуллоҳ”-ро созмони террористӣ медонад, аммо Иттиҳоди Аврупо танҳо шохаи низомии онро ба рӯйхати сиёҳ шомил кардааст.

Яҳё Синворро яке аз тарроҳони ҳамлаи маргбор ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри соли 2023 ном мебаранд. Ҷангҷӯён дар он рӯз дар ҷануби Исроил 1200 касро кушта ва беш аз дусад нафарро гаравгон гирифтанд.

Баъди ин ҳамла, Исроил дар Ғазза амалиёти густардаро оғоз кард, ки то ҳол идома дорад. Вазорати тандурустии Ғазза мегӯяд, дар натиҷаи ҳамлаҳои Исроил аз замину ҳаво зиёда аз 42 ҳазор фаластинӣ кушта шудаанд.