Ҳукумати Бохтар ва фарҳангиёни ин ноҳия тасмим доранд, ки бо таҷлил аз 100-солагии Ҳақназар Кабуд, гурӯғлисарои машҳур, ин жанри тақрибан ба нестирафтаро дубора зинда кунанд.
Ҳақназар Кабуд соли 1915 дар деҳаи Зувайри Сари Хосор дар оилаи деҳқон таваллуд шуда, баъд аз фавти волидон дар зери тарбияи амакаш - Шералӣ бузург шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаби ибтидоӣ ба курси муаллимтайёркунии ноҳияи Балҷувон шомил мешавад ва соли 1952 бо фармони Вазорати маорифи вақт аз он ҷо ба собиқ ноҳияи Октябр ва ҳоло Бохтар меравад. Гурӯғлисароиро аз Мулоазими Сари Хосорӣ ва Боюнуси Худойдодзодаи Балҷувонӣ омӯхта, 10 достонро бо 300 ҳазор мисраъ хондааст ва муалифи китобе ба номи "Гурӯғлӣ" ҳам мебошад.
Таҷлили солрӯз ё поси хотири гурӯғлисарои тоҷик Ҳақназари Кабуд дар ҳолест, ки фарҳангшиносон бо таассуф мегӯянд, ду даҳсолаи охир ин жарни қадима, ки достонҳои аҷиб дорад, қариб аз байн рафтааст. Сафар Ҳалимов, мудири хонаи фарҳанг ва роҳбари маркази фарҳангию фароғатии "Мушфиқӣ" дар ноҳияи Бохтар, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки насли ҷавон бояд ба гурӯғлисароӣ ҷалб шавад.
"Гурӯғлӣ бо вуҷуди ин ки мазмуни хуб дорад ва тарбиявист, аммо сабкаш оммафаҳм нест ва кам-кам аз миён меравад. Ҳадафи мо ин аст, ки бояд ин жанро зинда кунем, то ҷавонон бидонанд ва гурӯғлисароӣ кунанд. Солҳои 1970, замоне ки телевизион ва воситаҳои пахши мусиқӣ набуд мардум бештар гурӯғлӣ мешуниданд ва худи мо аз ҷумлаи он нафароне будем, ки дар маъракаҳои зиёд гашта, қаҳрамонҳои гурӯғлиро мешинохтем,"-- афзуд Ҳалимов.
Толибҷон Ҳақназаров, писари Ҳақназари Кабуд, низ дар сӯҳбат бо мо гуфт, агарчӣ дар хонаи онҳо садои тор ва гурӯғлии падар зуд-зуд шунида мешавад, вале ба ҷуз як бародарзодааш касе ин ҳунарро идома надодааст: "Танҳо як бародарзодаам, ки аз шашмоҳагияш бо падарам буд, гурӯғлиро кам-кам мехонад. Мо гурӯғлии падарамро, ки ба мерос мондааст, мешунавем ва ҳамаи он тарбияткунандаи фарзандони мост, ки ба қадри миллат бирасанд."
Баъд аз суқути Шӯравии собиқ дар ҳоле ки масъалаи ҳуввияти миллӣ ва шинохти решаҳои тоҷикон ба таври густарда матраҳ шуд, гурӯҳе аз адабиётшиносон ва рӯшанфикрони тоҷик гуфтанд, ки ашъори размӣ ё эпоси "Гурӯғлӣ" ҳеч рабте ба тоҷикон надорад ва моли мардуми муғултабор аст. Эҳтимол ҳамин ақидаҳо роҳро барои коҳиши маъруфияти гурӯғлисароӣ дар Тоҷикистон боз кард. Бархе бар назаранд, ки вожаи Гурӯғлӣ туркист, яъне бачаи гӯр. Аммо дар тоҷикии дарӣ ғӯл ба маънии дев, бузург, паҳлавон ҳам ояд. Пас паҳлавоне, ки аз гӯр баромадааст. Бархе дигар аз донишмандон мегӯянд, муҳим нест, ки ин достонро нахуст кӣ сароид. Муҳимтар ин аст, ки ин достон ва қаҳрамонҳои он рамзи ватанпаравриву озодихоҳии мардумҳо дар тӯли садсолаҳо будаанд.
Мазмуну мундариҷаи ин достон тақрибан як аст. Падари Гурӯғлиро хон кӯр кард. Модарашро ба гӯр андохт. Ӯ дар гӯр таваллуд шудаву ба воя расид, сипас Худо фариштаҳоро ба хидмати ӯ гумошт. Ҳазрати Хизр мададрасони ӯст. Бобои пир ба Гурӯғлӣ аспе тақдим кард. Гурӯғлӣ шоҳи ситамгорро кушта, дар кӯҳистон Ҷамбули Мастон - шаҳри озоду ободеро бунёд кард, ки дар он зулм буд, на ситам. Ӯ бо духтари шоҳи Париё издивоҷ мекунад. Писархондаш Аваз дар дифои Ватан умре побарҷост. Нураливу Шералӣ - пайвандони дигари ӯ дар оянда муҳофизи диёри озодагон боқӣ мемонанд. 120 сол умр дида, қабл аз фавт ба зулмот ё қаъри замин сафар мекунад... Дар тамоми достонҳо бо ҳама забонҳо Гурӯғлӣ, зодаи гӯр, зинда бозпас ба гӯр мешавад. Ин рамз аст. Рамзи интизорӣ, ки дар ҳама давру замон Паҳлавоне боз аз Хок боло мешавад ва доди мардумро аз золим меситонад.
Ҳасани Муродиён, профессори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ва фолклоршиноси тоҷик мегӯяд, Гурӯғлӣ аз эҷодҳои пеш аз Ислом буда, асрҳо аз насл ба насл гузашааст. Ҳақназар Кабуд, Бобоюнус Худоёрзода, Ҳикмат Ризо, Ғулом Валӣ, Табли Замира ва Қурбоналӣ Раҷаб аз гурӯғлисароёни машҳури Тоҷикистон буданд, ки достонҳои қараҳмониро, ки ҳазорҳо мисраъ доштанд, аз бар карда соатҳо мардумро атрофи худ нигаҳ медоштанд.
Ин достони қаҳрамонӣ ҳоло ҳам дар Тоҷикистон шунаванда дорад, ҳарчанд бо даргузашти гурӯғлихонҳои машҳур тақрибан рӯ ба нестӣ овардааст.