Ин шунаванда, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ кардааст, менависад, ҳукумати Тошҳавз ба онҳо барои кӯч бастан то моҳи сенябр вақт ва ҳамзамон ҳушдор додааст, ки агар онҳо то тирамоҳ ҳамчунон дар манзилҳояшон бимонанд, аз нерӯи барқ ва газ маҳрум хоҳанд шуд. Ба гуфтаи бархе аз сокинони дигари кишвар, ки бо Радиои Озодӣ дар тамос шуданд, онҳо ба ивази тарки манзилҳои обод ягон манат ҷубронпулӣ нагирифтаанд ва фақат дар минтақаи дигар, то бунёди манзил, ба онҳо дар мактабу маркази фарҳангӣ макони зисти муваққат пешниҳод шудааст.
Тоҷигул Бегмадова, раиси бунёди Ҳелсинкии Туркманистон, мақараш дар Булғористон, кӯчонидани иҷбории мардумро хилофи қонун мехонад: “Кӯчонидани иҷбории туркманҳо ин қонуншиканӣ ва помолсозии ҳуқуқи инсон аст. Ин хилофи ҳуқуқи байнулмилалист. Ва ман фикр мекунам, ки ин сиёсати дурӯягист”.
Мақомоти Туркманистон маъракаи кучонидани мардумро бо талоши ободонии гӯшаҳои ноободи кишвар марбут мекунанд. Аз ҷумла, тибқи хабарҳо, бештари кӯчиён аз вилояти Тошҳавз бояд дар ноҳияи нави Рӯҳбаланд, воқеъ дар шимолу шарқи кишвар, муқимӣ шаванд. Фармон дар ин бора моҳи марти соли гузашта аз сӯи раисиҷумҳур Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов имзо шуда буд.
Сомонаи интернетии ҳукуматии “Туркманистон: қарни тиллоӣ” моҳи март навишта буд, ки ҳар моҳ садҳо хонавода ихтиёрӣ ба Рӯҳбаланд куч мебанданд. Ин сомона бо ишора ба раиси ноҳия Сафаргелдӣ Ҷумъаев хабар додааст, ки баъд аз таъсиси Рӯҳбаланд беш аз 2 ҳазор хонавода ин ҷо муқимӣ шудаанд.
Ва аммо ба назар мерасад, ки теъдоди хоҳишмандон барои кӯч бастан ба ин дашти сӯзон он қадар зиёд нест, ба вижа, ки ноҳия барои қабули оилаҳои нав ҳанӯз омода нашудааст. Ба иттилоъи расонаҳои Туркманистон, бинои ҳукумат, бахши маҳаллии кумитаи амнияти миллӣ ва маркази тиҷоратӣ моҳи октябри соли гузашта бунёд шуданд. Сохтмони мактаб поён наёфтааст, мардум ба газ, об ва барқ дастрасӣ надоранд. Хонаводаҳои кучбаста барои бунёди манзилҳояшон фақат метавонанд аз бонк ба маблағи тақрибан 50 миллион манат, муодили 3 ҳазору 300 доллар қарз бигиранд.
Ва аммо дигар сабаби кӯчонидани мардум ба минтақаи нав низ мавҷуд аст. Ба қавли мақомоти маҳаллӣ, бояд дар ҳудуди 500 метри марзи давлатӣ бо Узбакистон ягон бинову иншоот боқӣ намонад.
Дар Иттиҳоди Шӯравӣ кашфи заминҳои нав як амри маъмул маҳсуб мешуд ва ҳазорон сокинони кишвар бо шӯру шар, тавре расонаҳои шӯравӣ менавиштанд, барои обод сохтани гӯшаҳои нообод мерафтанд ва ин чун пирӯзии инсон аз болои табиат арзёбӣ мешуд. Раисиҷумҳури пешини Туркманистон Сафармурод Ниёзов низ ҳамин гуна як тарҳро таҳия карда буд – соли 2002-юм ӯ эълом дошт, ки як теъдод мардум бояд ба минтақаҳои ноободи устонҳои Тошҳавз, Лебоп ва Ахал кӯч банданд.
Ва аммо дар фармони раисиҷумҳур ҳамчунин ишора шуда буд, ки ба ин манотиқ бояд “афроди нуфузу обрӯи худро аз даст дода ва хатарзо барои оромии ҷомеъа”, яъне мухолифини ҳукумат фиристода шаванд. Ниёзов хонаводаҳои чанд вазиру волии, ба истилоҳ, раҳгумзадаро низ иҷборан кучонд ва онҳоро ба шуғли пахтакорӣ маҷбур сохт. Бештари хонаводаҳои узбактабори муқими манотиқи марзии Туркманистон низ баъди аз сӯи Ашқобод дар сӯиқасд ба ҷони Сафармурод Ниёзов муттаҳам шудани Тошканд иҷборан ба манотиқи навободу пахтакор кучонида шуданд.
Иттилоъ дар бораи муҳоҷирати иҷборӣ дар арафаи гуфтугӯи Иттиҳодияи Аврупо ва Туркманистон оид ба дифоъ аз ҳуқуқи башар расид. Имрӯз Amnesty International ё Афви байнулмилал - созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз Иттиҳодияи Аврупо хост, ки дар ин нишаст Туркманистонро барои арҷгузорӣ ба озодиҳои бунёдӣ ва ҳуқуқи инсон раҳнамоӣ кунад. Дар як эъломия Amnesty International гуфтааст, ки “бо вуҷуди ваъдаҳои раисиҷумҳур Бердимуҳаммадов барои ислоҳи вазъ поймолсозии ҳуқуқи башар дар Туркманистон идома дорад”.