Гулнора Каримова аз шарикони собиқаш фосила мегирад

Вақтҳои ахир Гулнора Каримова, духтари калонии раиси ҷумҳури Ӯзбакистон ба яке аз шахсиятҳои хабарсози ин кишвар табдил ёфтааст.
Номи вай зуд-зуд, на танҳо дар нашрияҳои миллии Ӯзбакистон, балки дар нашрияҳои хориҷӣ низ ба чашм мерасад.

Ахиран вай ба як маҷаллаи Шветсария бо номи “Билан” мусоҳиба додааст ва дар ин мусоҳиба ба забони ҳол омадааст, ки навиштаҳои ахири матбуот вайро водор сохтааст, то вай дигар хомӯш нанишинад ва ба ин мақолаҳо ҷавоб диҳад.
“Билан” дар Шветсария маҷаллаи бонуфуз ба шумор намеравад ва дар мусоҳибае, ки бо Гулнора Каримова анҷом гирифтааст, номи хабарнигор оварда нашудааст. Бо вуҷуди ин, ки “Билан” ин мусоҳибаро мухтасар ба нашр расондааст, Гулнора дар торнамояш онро хеле муфассал ҷой додааст ва ба хонандагонаш пешкаш кардааст.

Масалан, аз Гулнора пурсида шудааст, ки тобистони соли гузашта номи Бекзод Аҳмадов, раиси кулли ширкати МТС-и Ӯзбакистон дар феҳристи ҷустуҷӯи Интерпол ё полиси байналмиллалӣ пайдо шуд ва дастрасӣ ба дороиҳои молии ин ширкат дар бонкҳои Шветсария мамнуъ эълон гардид. Дар ин моҷаро номи шумо ҳам зикр шуда буд. Шумо дар ин бора чӣ мегӯед?

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Гулнора сару садои атрофи худро шарҳ дод


Гулнора мегӯяд, ки аз даврони донишҷӯӣ хонаводаи Бекзод, хоҳари вай ва падарашро мешинохт. Ин хонавода ба клан ё авлоди машҳури Ӯзбакистон тааллуқ дошт. Онҳо дар сиёсати дохилӣ бозии худро доштанд ва бо истифода аз мавқеи худ онҳо сармояи зиёд ҷамъ оварданд. Вале баъдтар маълум шуд, ки онҳо муштариёни МТС-ро фиреб медодаанд. Муштариёнро ғайриқонунӣ ба гуфтугӯҳои байналмиллалӣ пайваст мекардаанд ва кортҳои телефонии истифодашударо дубора ба фурӯш мегузоштаанд. Гузашта аз ин, Бекзод ба арзиши миллионҳо доллар таҷҳизотеро ба Ӯзбакистон ворид мекард, ки дар асл арзиши онҳо даҳҳо ҳазор долларро ташкил медоданд. Яъне вай 50 баробар нархро гаронтар нишон медод.


Гулнора меафзояд, баъд аз ифшои чунин найрангҳо Бекзод аз Ӯзбакистон фирор кард ва маълум шуд, ки найрангҳои молии вай на танҳо дар ширкати МТС, балки фаротар аз он решаҳои хеле амиқ доштааст. Гулнора мегӯяд, ки баъди фирори Бекзод одамони вай ба Гулнора борҳо таҳдид кардаанд.
Ба гуфтаи Гулнора, баъд аз фирори Бекзод душманонаш дар Маскаву Шветсария ва Шветсия номи вайро дар ҳар ҷо зикр мекарданд ва менавиштанд, ки гӯё дар музокирот бо TeliaSonera барои ворид шудан ба бозори телефонҳои ҳамроҳи Ӯзбакистон Лолаву Гулнора Каримоваҳо низ ширкат доштаанд. Вале далели имзои қарордоди ҳамкорӣ бо Бекзод Аҳмадов гувоҳӣ медиҳад, ки хоҳарон дар ин кор шарик нестанд.


Он вақт TeliaSonera дар се кишвар кор мекард, дар Ӯзбакистону Тоҷикистон ва дар Афғонистон. Вале Ӯзбакистон ба назари раҳбарони ширкат чун бозори ҷолиб таваҷҷуҳи ширкатро ба худ кашид.


Гулнора дар мусоҳиба гуфтааст, ки вай фаъолятҳои фарҳангиро бар тиҷорат ва ҳамкорӣ бо чунин ширкатҳо бартарӣ медиҳад.