Порлумон ба гирифтани $ 100 млн. қарз барои "Роғун" ризоият дод

Неругоҳи "Роғун". Акс аз бойгонӣ

Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, рӯзи 12-уми ноябр созишномаи қарзӣ миёни ҳукумат ва Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалиро тасвиб кард. Дар доираи ин санад, Тоҷикистон барои сохтмони Роғун дар чор марҳила аз Хазинаи ОПЕК 100 миллион доллар қарз мегирад.

Дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон тасвиби созишномаро ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, аммо ҷузъиёти бештар надод.

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон 100 миллион долларо аз Хазинаи ОПЕК дар чор марҳила дарёфт мекунад. Созишномаи аввал 10-уми октябри соли равон дар шаҳри Венаи Австрия аз сӯи Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон ва Абдулҳамид Алхалифа, раҳбари Хазинаи ОПЕК имзо шуда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон то ин вақт барои нерӯгоҳи “Роғун”, ки онро “ҳаёту мамот” меномад, аз буҷаи кишвар миллионҳо доллар ҷудо кардааст. Дар айни замон мақомот барои идомаи сохтмони нерӯгоҳ сармояи хориҷӣ ҷустуҷӯ доранд. Моҳи июни имсол Бонки исломии рушд барномаи ҷудо кардани 150 миллион долларро барои сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” тасдиқ карда буд. Тоҷикистон ҳамчунин соли 2017 барои бунёди нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ба ним миллиард доллар “евробонд” фурӯхт. Ба муҳлати даҳ сол ва бо баҳраи солонаи беш аз 7-дарсадӣ.

Арзиши сохтмони нерӯгоҳ давоми 16 соли охир ду баробар зиёд шудааст. Тибқи омори расмӣ, ки радабандии Standard & Poor's Global Ratings нашр кард, барои пурра сохтани “Роғун” то соли 2035 6,4 миллиард доллар лозим аст. Соли 2008 ҳукумати Тоҷикистон арзиши сохтмони “Роғун”-ро 3 миллиард доллар гуфта буд.

Мақомот "беқурбшавии пул ва болоравии нархи маҳсулот"-ро сабаби гароншавии тарҳ мегӯянд, вале мухолифони сиёсии онҳо афзоиши хароҷотро ба фасоди молӣ ва набуди шаффофият дар харҷи сармояҳо бастагӣ медиҳанд.

То имрӯз ду чархаи нерӯгоҳи барқи обии "Роғун" сохта шудааст. Чарха ё агрегати сеюми он, ба гуфтаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, бояд соли 2025 ба истифода дода шавад.